Созмони «Муҳоҷират ва ҳуқуқ» тасмим гирифтааст, ки масъалаи сафари духтарони то 24-сола ва занони ҳомилаи тоҷик ба Русияро дар доираи васеи ниҳодҳои масъули ду кишвар дар миён гузорад
Наргис, сокини 23-солаи шаҳри Роғун, наздики панҷ сол дар яке аз тарабхонаҳои минтақаи Хабаровски Русия пешхидмат ва фаррош буд. Наргис мегӯяд, дар 18-солагияш ҳамроҳи зани ҳамсоя ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт ва панҷ сол дар онҷо дармонд. Хонаводаи Наргис аз чаҳор хоҳар иборат буд. Падарашон хеле зуд фавтида, онҳо бепадар бузург шудаанд. Мушкили иқтисодӣ иҷозат надод, ки духтарҳо соҳиби маълумот шаванд ва ин аст, ки ӯ роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт, то ба модару хоҳаронаш кӯмак кунад.
«Инсонҳо ҳамеша барноми зиндагӣ мерезанд ва орзуи беҳбудӣ мекунанд, вале сарнавишт кори худро мекунад,»- мегӯяд Наргис. Ҳангоми кор дар он тарабхона ӯ мардеро дӯст дошт ва бо ӯ равобити маҳрамона барқарор кард. Натиҷаи ин равобит бачае буд, ки то рафт дар батни ӯ бузург мешуд ва мушкили ӯро бузургтар мекард. Вақте он мард хабар ёфт, ки Наргис обистан аст, дарҳол аз ӯ даст кашид. Наргис 9 моҳ бо шиками дамида дар тарабхона кор кард ва дар бемористони вилоят кӯдаке ба дунё овард. Аммо бачаро дар бемористон гузошт ва худаш фирор кард. Вай мегӯяд: «Зиёд мехостам фарзандамро бо худ биёрам, аммо модарам ҳамеша мегуфт, обрӯйи хоҳаронат чӣ мешавад? Обрӯйи мо чӣ мешавад? Чаро фикр намекунӣ? Барои ҳамин кӯдакамро партофта омадам, аммо сахт пушаймонам. Зеро падари кӯдакам ҳам аз навоҳии атроф аст ва хоҳу нохоҳ овоза ба гӯши мардум мерасад.»
Сарнавишти Наргис дар байни занону духтарони муҳоҷир аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёси Марказӣ бенамуна нест. Даҳҳо зани дигар низ дар солҳои муҳоҷират фиреб хӯрдаанд ва бо навиштани забонхат аз кӯдакони худ даст кашидаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, чеҳраҳои бачаҳо дар сағирахонаҳои Русия торафт «осиёӣ» мешавад ва тахмин задан душвор нест, ки онҳоро модарони муҳоҷир аз ошиқҳои номувафақ таваллуд кардаанд ва сипас дар сағирахонаҳо партофтаанд.
Меҳмоншо Меҳмоншоев, раҳбари хазинаи «Найди меня, мама», ки 4 сол боз дар Русия барои баргардонидани кӯдакон ба хонаводаҳои худ ва ҷилавгирӣ аз зиндаятим шудани атфол фаъолият мебарад, дар сӯҳбат бо "Ояндасоз" гуфт, аз 9 зане, ки ҳоло аз сӯйи ин марказ бо ҷойи зисти муваққатӣ таъмин шудаанд ва кӯмак мегиранд, 3 нафарашон тоҷик будаанд.
Ба хотири пешгирӣ аз рушди ин тамоюл ва ҳифзи занони тоҷик Гавҳар Ҷӯраева раҳбари Созмони «Муҳоҷират ва ҳуқуқ» ахиран аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон даъват кард, ки аз муҳоҷирати духтарони то синни 24-сола ва занони ҳомила ба Русия ҷилавгирӣ кунанд. Гавҳар Ҷӯраева ин пешниҳоди худро дар доираи васеъи ниҳодҳои масъули ду кишвар дар миён гузоштааст.
Ӯ мегуяд, духтарони бетараҷриба, ки дур аз деҳаи худ ҷоеро надидаанд ба гурӯҳҳое ҳамроҳ мешаванд, ки баъдан аз ин духтарон ҳамчун ғулом истифода мекунанд: «Модарони ояндаи моро бесоҳиб нагузоранд. Ман намедонам, кадом модар кӯдак, духтари 18-солаи худро ба Русия мефиристонад. Агар онҳо биёянду дар ягон ҷой расман кор кунанд, майлаш, боке нест.»
Хонум Ҷӯраева меафзояд, созмони ӯ қаблан низ ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав пешниҳод карда буд, ки дар назди ин ниҳоди дипломатӣ фонди кӯмак на танҳо барои мардони муҳоҷир, балки барои занону кӯдакон таъсис ёбад. Зеро ба гуфтаи хонум Ҷӯраева занҳои ҳомила ва он занҳое, ки кудак таваллуд кардаанд, коршоям нестанд ва барои бозгашт ба ватан пул ҳам надоранд. Ин бунёд метавонист ба онҳо мадад кунад.
Мақомоти тоҷик низ мушкили занҳои ҳомила ва кӯдакдори тоҷик дар Русияро тасдиқ мекунанд. Як масъули намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ки нахост номаш гуфта шавад, дар суҳбати телефонӣ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки занҳои ҳомилаи тоҷик дар Русия мушкили фаровон доранд. Аммо ҳамзамон таъкид кард, ки касе наметавонад монеъи сафари бонуҳои тоҷик ба Русия шавад. Таҳлилгарону ҷомеашиносони тоҷик низ мегӯянд, ки дар шароити феълии Тоҷикистон садо додани чунин пешниҳод чандон мантиқӣ нест.
Аъзамшоҳ Ширговадӣ, ҷомеашиноси тоҷик бар ин аст, ки аз беш аз 400 ҳазор зани муҳоҷири тоҷик, шумораи ками онҳо бачаҳои худро мепартоянд ё духтарҳо бо роҳҳои бад мераванд. Вай меафзояд, баръакси Тоҷикистон шароити зоишгоҳҳои Русия беҳтару хубтар аст ва дар он ҷо таваллуд кардани занҳои тоҷик ҳеҷ бадие надорад: «Мо тақдири ҳамаро дар ин ҷо ҳал карда наметавонем ва ҳал карда ҳам намешавад. Зеро дар дохил дар 20 соли охир барои ҷавондухтарон ҳеҷ шароите муҳайё накардем, то онҳо ин ҷо бимонанд.»
Ҷомеашиноси тоҷик ҳамчунин мегӯяд, қабл аз он, ки аз муҳоҷирати кории духтарони то 24-сола ва занони ҳомила ба Русия ҷилавгирӣ шавад, сараввал бояд барои онҳо дар Тоҷикистон шароити хуби корӣ фароҳам овард. "Дар сурате, ки онҳо наметавонанд дар шароити Тоҷикистон зиндагии худро пеш баранд бояд чӣ кор кунанд? Аз он ки чанд духтар ё зане беодобӣ мекунад ё бачаашро мепартояд, наметавон ҳамаро гунаҳкор кард."
Ба навиштаи расонаҳои Русия, давоми дуним соли охир беш аз 166 зани муҳоҷир аз навзодҳои худ даст кашида, кӯдакони худро ба таваллудгоҳ ё сағерахона додаанд. Ба иттилои Вазорати тандурустии Русия, дар нимсолаи аввали 2013 зиёда аз 30 муҳоҷири корӣ навзодони худро дар хонаҳои кӯдакони вилоятҳои Русия гузошта, нопадид шудаанд.
Гуфта мешавад шумораи бештари чунин ҳолатҳо дар зоишгоҳҳои Красногорск, Митиши, Долгопрудни, Королёво ва Люберетсии вилояти Маскав ба мушоҳида расидааст, ки дар ин мавзеъҳо шумораи зиёди муҳоҷирони корӣ ба сар мебаранд.