Шумораи хонаводаҳои безурёт ва бефарзанд дар Тоҷикистон аз 8-12 дарсади аввали солҳои 90-уми қарни гузашта, ба 28-30 дарсад афзоиш ёфтааст.
Тоҷикон хонаи бефарзандро ба қабристон ташбеҳ медиҳанд ва ҳоло маълум шудааст, ки оилаҳои безурёт дар кишвар дар ду даҳаи гузашта то 28 -30 дарсад афзоиш ёфтааст. Аммо пизишкон тахмин мезананд, ки мумкин аст, ин адад ҳатто бештар бошад, зеро ба гуфтаи Шамсиддин Қурбонов, раҳбари марказии тиббии «Насл», то ҳол дар Тоҷикистон як пажӯҳиши сартосарии миллӣ анҷом нашуда, омори 28-30% зимни таҳқиқоти донишмандони тибби тоҷик ба даст омадааст. Ҳарчанд бефарзандӣ ба ҳайси як беморӣ дар кишвар ҳамеша вуҷуд доштааст, дарсади он дар давраи шӯравӣ хеле паст буд. Бино бар таҳқиқоти он давра шумораи оилаҳои бефарзанд дар Тоҷикистон ҳамагӣ 8-12 дарсадро ташкил медод.
Афзоиши безурётиро дар ду даҳаи охир пизишкон ба вазъи бади иҷтимоиву иқтисодӣ, хӯроки нокофӣ ва камғизо, афсурдагии равонӣ, нотавонии ҷинсӣ ва омилҳои дигар бастагӣ медиҳанд. Аммо пизишки саршинос Шамсиддин Қурбонов, густариши муҳоҷиратро сабаби асосии зиёд шудани хонаводаҳои безурёт мешуморад. Ба ақиади ӯ, кору зиндагии қишри ҷавону фаъол ва қобили бордоркунӣ ва таваллуди аҳолӣ дар Русия -- кишваре, ки вазъи начандон хуби эпидемиологӣ дорад, ба сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон таъсири амиқ гузоштааст.
Қишри ҷавон ва фаъол дар Русия бо корҳои сахту сангин машғул буда, дар шароити душвор ва гоҳе барои инсон номусоид ба сар мебарад. Ҳамчунин маълум шудааст, ки корфармоён дар Русия муҳоҷиронро дар иҷрои корҳое истифода мекунанд, ки ба саломатии коргарон таъсири ҷиддӣ доранд. Ҳамчунин дар Русия хатари гирифторӣ ба бемориҳои гуногуни венерикӣ ё зуҳравӣ, ки пеш аз ҳама ба аъзои таносул осеб меоранд, хеле бештар аз кишварҳои дигар аст. Бино бар як гузориш, тақрибан 15 дарсади муҳоҷирони тоҷик аз Русия бемориҳои мухталифи зуҳравиро ба Тоҷикистон меоранд ва даҳҳо зани тоҷик гуфтаанд, чунин бемориҳо, аз ҷумла ангали СПИД-ро аз шавҳарони худ баъд аз бозгашти онҳо аз муҳоҷират гирифтаанд.
Ба гуфтаи Шамсиддин Қурбонов, маркази тиббии «Насл» талош дорад, хонаводаҳои бефарзандро коҳиш диҳад ва дар як соли охир бо истифода аз усули сунъии ҳамл дар даҳ оилае, ки безурёт буданд, кӯдакони солим ба дунё омаданд. Вале мавҷудияти танҳо як марказ наметавонад, мушкилеро, ки рӯ ба густариш дорад, ҳал кунад. Бо вуҷуди ин, сафи оилаҳое, ки бо харҷи зиёд мехостанд, мушкилро дар паджуҳишгоҳҳои тиббии кишварҳои хориҷӣ ҳал кунанд, камтар шудааст.
Ҳамзамон маркази тиббии «Насл» талош дорад, аз омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ақиб намонад. Бо ин масқад, аз ҷумла, дар моҳи январи соли оянда ин марказ профессор Якобс Леврон, табиби маъруфи исроилиро ба Душанбе даъват мекунад ва мехоҳад, бо истифода аз фанновариҳои муосир безурётии наздик ба 30 нафарро табобат кунад.
Афзоиши безурётиро дар ду даҳаи охир пизишкон ба вазъи бади иҷтимоиву иқтисодӣ, хӯроки нокофӣ ва камғизо, афсурдагии равонӣ, нотавонии ҷинсӣ ва омилҳои дигар бастагӣ медиҳанд. Аммо пизишки саршинос Шамсиддин Қурбонов, густариши муҳоҷиратро сабаби асосии зиёд шудани хонаводаҳои безурёт мешуморад. Ба ақиади ӯ, кору зиндагии қишри ҷавону фаъол ва қобили бордоркунӣ ва таваллуди аҳолӣ дар Русия -- кишваре, ки вазъи начандон хуби эпидемиологӣ дорад, ба сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон таъсири амиқ гузоштааст.
Ба гуфтаи Шамсиддин Қурбонов, маркази тиббии «Насл» талош дорад, хонаводаҳои бефарзандро коҳиш диҳад ва дар як соли охир бо истифода аз усули сунъии ҳамл дар даҳ оилае, ки безурёт буданд, кӯдакони солим ба дунё омаданд. Вале мавҷудияти танҳо як марказ наметавонад, мушкилеро, ки рӯ ба густариш дорад, ҳал кунад. Бо вуҷуди ин, сафи оилаҳое, ки бо харҷи зиёд мехостанд, мушкилро дар паджуҳишгоҳҳои тиббии кишварҳои хориҷӣ ҳал кунанд, камтар шудааст.
Ҳамзамон маркази тиббии «Насл» талош дорад, аз омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ақиб намонад. Бо ин масқад, аз ҷумла, дар моҳи январи соли оянда ин марказ профессор Якобс Леврон, табиби маъруфи исроилиро ба Душанбе даъват мекунад ва мехоҳад, бо истифода аз фанновариҳои муосир безурётии наздик ба 30 нафарро табобат кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад