Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ ё косибӣ баргузор мешавад.
Тимоте Де Маер, раҳбари Маркази фарҳангии "Бохтар" рузи душанбеи 9-уми декабр зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки "ин намоишгоҳ рӯзҳои 14 ва 15 декабр дар Маркази исмоилия дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки маҳсули 80 нафар ҳунармандон ё косибон ба маърази тамошо гузошта мешавад."
Ба гуфтаи ҷаноби Маер, "эҳё ва густариши ҳунармандии мардумӣ ва эҷоди фазои мусоид барои бозоргир кардани масҳули косибон" аз ҳадафи аслии ин намоишгоҳ аст ва ҳунари дастии косибон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Раҳбари Маркази фарҳангии "Бохтар" мегӯяд, ин намоишгоҳ бо кӯмаку пуштибонии Маркази исмоилия, сафоратҳои Олмон, ИМА ва Фаронса дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҳамчунин ба таъкиди Тимоте Де Маер, дар чорчуби ин намоишгоҳ ду филми кӯтоҳмуддат аз суи Маркази фарҳангии "Бохтар" намоиш дода мешавад.