Дар пайи ворид шудани маводи сӯхти бидуни боҷи гумрукӣ, маҳдудияти хариди маводи сӯхти ҳавопаймоҳо (авиакеросин) барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон, лағв карда шуд.
Иброҳим Ҷобиров, сардори Раёсати ҳавопаймоии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ширкати дастраскунандаи сӯзишвории ҳавопаймоии Тоҷикистон бо ворид шудани ҳаҷми зарурии маводи сӯхти ҳавопаймо ё худ авиакеросин ба Тоҷикистон, маҳдудияти харидории миқдори маводи сӯхтро бекор кард.
Вай афзуд, ки феълан тайи чанд рӯз аст, ҳавопаймоҳои ширкатҳои дохилӣ миқдори лозимаи маводи сӯхтро харидорӣ мекунанд ва мисли пешин аз шаҳрҳои Тоҷикистон мустақим бидуни фуруд омаданд дар кишвари сеюм, парвоз менамоянд.
Ширкати «Сӯзишворӣ ва таъмини маводи сӯхт» дар миёнаҳо моҳи гузашта ба кулли ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар ҳушдор дода буд, ки барои як хатти сайр танҳо 5 тонна сузишворӣ мефурӯшад. Ва ин вазъ водор карда буд, ки ҳавопаймоҳо ҳангоми парвоз ночор дар фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя назири Туркманистон ва Қазоқистон таваққуф намуда, боз парвозро идома диҳанд.
Тақрибан аксари парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон мутаваққиф шудаанд ва баъзе ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба ғайри Бишкек барои харидории авикеросин бо нархи арзонтар ҳамчунин дар фурудгоҳҳои Туркманистон ва Чимкенти Қазоқистон пойин мешуданд.
Ба дунболи он Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо нигаронӣ итилоъ дод, ки ба далели камбуди маводи сӯхт ва қимати баланди керосини авиатсионӣ, парвозҳои тронзитӣ низ ба таври қобили мулоҳиза кам шудаанд, ки албатта ба вазъи молиявии фурудгоҳи Душанбе таъсири манфӣ мерасонад.
Арзонтарин нархи маводи сӯхти ҳавопаймоҳо дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон буда, 1 тоннаи авиакеросин дар ин ҷо 1081 доллар қимат дорад. Бино ба ҳисоби хабаргузориҳои қирғизӣ, 1 тоннаи ин навъи маводи сӯхт дар фурудгоҳи Бишкек 1140 доллар, дар Алма-Ато 1393 доллар, вале дар Душанбе 1900 доллар қимат доштааст.
Дар ҳамин ҳол дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи сӯзишворӣ ба таври чашмрас пойин шудааст. Як масъули ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон», ки нахост номаш гуфта шавад гуфт, ки арзон шудани нархи сӯзишворӣ ба созишномаи миёни Тоҷикистону Русия барои ворид кардани маводи сӯхти бидуни боҷи гумрукӣ рабт дорад.
Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи маводи сӯхт то ба 1 сомонӣ пойин шуда, арзиши як литр бензини навъи АИ-98 аз 7,40 сомонӣ то ба 6,30 сомонӣ, АИ-95 6 сомонӣ ва АИ-92 то 5,20 сомонӣ муайян шудааст.