Муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи акушерию гинекологии Тоҷикистон дар пайи таҳқиқоте ба ин натиҷа расидаанд, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 25 дарсади оилаҳо дар ин кишвар аз безурётӣ ранҷ мебаранд.
Гулҷаҳон Туманова, сарвари Маркази миллии солимии репродуктивии Тоҷикистон бо ироаи ин хабар дар ҳамоише дар шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, ин нишондиҳанда рӯ ба афзоиш буда, мояи нигаронии мақомоти беҳдоштии кишвар шудааст.
Хонум Туманова зимни шарҳи иллатҳои афзоиши безурётӣ дар Тоҷикистон аз афзоиши бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, яъне вирусҳо, мавридҳои исқоти ҳамле, ки дар шароити номувофиқи санитарию гигиенӣ мегузаранд, вайроншавии тавозуни гормонҳо дар организм, стрессу асабонияти зиёд, вазъи бади иҷтимоиро далели ин ҳол ном бурд.
Вай ҳамчунин афзуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ва бемориҳое, ки вобастаи он мебошад, аз қабили сармоязадагӣ, низ аз сабабҳои аслии безурётӣ мебошад.
Яке аз пайомадҳои асосии безурётӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, афзоиши хушунати равонию ҷисмонӣ ба оилаҳо ва дар мавридҳои зиёд азҳампошии онон аст.
Мавлуда, зани 34-солае аз шаҳри Сарбанд, мегӯяд, бо вуҷуди талошҳояш ба нигоҳдории оила, пас аз 6 соли ҳамзистӣ, ҳамсараш зери фишори модари худ бо баҳонаи безурётӣ ӯро талоқ додааст.
«Ман ба духтурҳо муроҷиат мекардам, мегуфтанд, ки саломатии шумо хуб аст ва ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад. Яъне маро қобили таваллуд мегуфтанд. Ҳар гуна справка дорам дар ин бора. Шавҳарам, ки солҳои бисёр дар муҳоҷирати меҳнатӣ буд, он ҷо саломатиашро аз даст дод, хунукӣ гирифта буд, доим муолиҷа мекардемаш. Дар охир модаршӯям баҳона кард, ки айби ман аст, ки ҳомиладор намешавам. Инро баҳона карда, маро аз хона ронданд», - афзуд Мавлуда.
Пизишкон мегӯянд, муолиҷаи безурётӣ имконпазир мебошад, аммо ин мушкилест, ки роҳҳалли он натанҳо бо мудохилаи тиб, балки ба беҳсозии вазъи иҷтимоӣ вобаста аст. Бартараф намудани мушкилоте, назири нокифоя будани захираҳои иқтисодӣ, маҳдудияти дастрасӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ, камбизоатӣ, норасоии ғизо, дар баробари ин таҳаммулпазирӣ, таҳкими муносибатҳои заношавҳарӣ ва муолиҷаи саривақтӣ, роҳи мубориза бо безурётӣ унвон мешавад.