Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон парвандаи маҳбуси пешини зиндони «Пули Чархӣ»-ро, ки дар ҳамкорӣ бо «Ансоруллоҳ» айбдор мешавад, махфӣ кардааст.
Наздикони маҳбуси пешини зиндони "Пули Чархӣ"-и Афғонистон рӯзи 5-уми декабр ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки Кумитаи амнияти миллӣ парвандаи Ҳабибуло Идиев, фориғутаҳсили донишгоҳи Зоҳидони Эронро, ки дар Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад, махфӣ кардааст.
Ба қавли наздикони Идиев, онҳо дигар наметавонанд дар мавриди ҷараёни парвандаи вай маълумот гиранд, зеро вакили мудофеъ низ ҳақ надорад дар бораи паварвандаи ӯ иттилоъ диҳад.
Тавре Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳабибулло Идиев рӯзи 27 ноябри ҳафтаи гузашта ба радиои "Озодӣ" гуфта буд, Кумитаи амнияти миллӣ зерҳимояи ӯро, ки беш аз нимсол аст дар СИЗО ба сар мебарад, тибқи моддаи 187 Кодекси ҷиноӣ дар ҳамкорӣ бо созмони "Ансоруллоҳ", расман айбдор кардааст. Ҳабибулло Идиев 7 моҳ қабл вақте, ки аз маҳбаси «Пули чархи»-и Афғонистон раҳо шуда бо мусоидати сафоратхонаи Тоҷикистон дар Кобул ба Душанбе интиқол ёфт, баробари ба замин нишастани ҳавопаймо, дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт шуд.
Идиев дар забонхати худаш навиштааст, ки қаблан барои таҳсили улуми исломӣ аз Русия ба Миср рафта ва аз онҷо ба Эрон омад ва дар Зоҳидон дар яке аз донишгоҳҳо ба омӯзиши улуми исломӣ пардохт. Ӯ баъди хатми донишгоҳ дар соли 2009 барои таблиғи ислом сафарҳоеро дар шаҳристонҳои Эрон анҷом дод. Аммо Идеив тасодуфан паспорти хориҷиашро гум кард ва мехост аз тариқи Покистон ба Афғонистон ва аз онҷо ба Тоҷикистон убур кунад. Аммо дар Бадахшони Афғонистон аз тарафи мақомоти амниятии ин кишвар боздошт ва барои вайрон намудани марз аз ҷониби додгоҳи ин кишвар, барои 1 солу 8 моҳ зиндонӣ шуд.
Ба қавли Бузургмеҳр Ёров, дар ибтидо мақомоти амниятии Афғонистон дар ибтидо ӯро ҷосуси Русия, сипас ҷосуси Эрон ва баъдан як гумоштаи Толибон эълон карданд. Аммо дар ниҳояти амр аз ин иттиҳомот даст кашида, Идиевро барои убури ғайриқонунии марз зиндонӣ карданд.
Тавре Ҳабибулло Идиев ба вакили мудофеаш гуфтааст, пас аз раҳоияш аз зиндони «Пули чархӣ», созмони Салиби Сурх ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар гӯё имкони идомаи зиндагӣ дар кишварҳои ғарбиро ба ӯ пешкаш кардаанд, аммо ӯ гӯё розӣ нашудааст. Модараш Сунбула Идиева мегӯяд, ки бисёр мехоҳад мақомоти масъул фарзандашро раҳо кунанд ва ӯ ба назди пайвандонаш баргардад.