Бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон, бар асари оташсӯзии шаби гузашта, комилан аз байн рафтааст.
Раҳмонқул Раҳмонқулов, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 4-уми декабр дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки сӯхтор соати тақрибан 2:30 дақиқаи шаби гузашта ба амал омада ва бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъаро комилан аз байн бурдааст.
Ба қавли манбаъ, оташсӯзӣ хисороти ҷонӣ дар пай надоштааст ва он бо кӯмаки кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар ҳудуди соати 3:30 хомӯш карда шудааст.
Ҳамакнун кормандони ҳайати ҳукумати Роштқалъа дар бинои идораи маорифи ин ноҳияи ба фаъолияти худ идома медиҳанд.
Бинои кӯҳнаи ҳукумати ноҳияи Роштқалъа солҳои 1950 бунёд шуда ва ҳамакнун бунёди бинои нав барои он ҷараён дорад.
То кунун сабабҳои сӯхтор рӯшан нест ва ба қавли сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон, комиссияи вижа барои маълум кардани сабаби сӯхтор ва ҳамчунин муъайян намудани ҳаҷми зарар, таъсис шудааст.