Як нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газпромнефт-Тоҷикистон», зерсохтори «Газпром»-и Русия дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи дуздон қарор гирифтааст.
Дар шӯъбаи хурди Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур, воқеъ дар бинои «Полиграф»-и шаҳри Душанбе ба "Озодӣ" гуфтанд, ки аз вуқӯи ҳодиса як ҳафта сипарӣ шуда, парвандаи ҷиноӣ ҳам боз шудааст. Як масъули ин шӯъба, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт:
«Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ҳодиса аз сӯи муфаттишон идома дорад. Аз ҳамин хотир, аз тафсилоти ҳодиса дар ҳоли ҳозир худдорӣ мекунем», гуфт як манбаъ аз ин ниҳод.
Қаблан як манбаъ аз ширкати «Газпромнефт–Тоҷикистон» ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби якшанбе ба душанбеи рӯзи 25 ноябр дар маҳалли маъруф ба «9–ум километр» -и шаҳри Душанбе гурӯҳи дуздон ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории ин ширкат ворид шуда, маблағи бузургеро бо худ бурданд. Ин манбаъ гуфт, ҳодиса соати 2 ба 3-и шаб иттифоқ афтода, се нафари ниқобпӯш ба таври ноаён вориди бинои кормандон ва мағозаи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и рақами 1–и «Газпромнефт» воқеъ дар рӯбарӯи НФС–и «Умед–88» шуда, ҳудуди 100 ҳазор сомониро дуздидаанд. Корманди НФС вақте онҳоро дидааст, ки аз бино баромада фирор кардаанд. Бино ба ин манбаъ, ин қисмати пуле будааст, ки аз фурӯши сӯзишворӣ ба даст омада, субҳи рӯзи душанбе онро бояд инкассаторҳои ширкат мебурданд.
Толиб Афзалӣ, ҳуқуқшиноси ширкати «Газпромнефт–Тоҷикистон» дар як тамоси телефонӣ дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ҳодиса мавриди тафтиши мақомоти қудратӣ қарор дорад:
«Ҳодисаро шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳқиқ мекунанд. Аз ҷониби худ дар ширкат низ ин ҳодиса мавриди санҷиш қарор дода шуда, чораҳои зарурӣ дида мешаванд.
«Газпромнефт-Тоҷикистон» зерсохтори «Газпромнефт»-и Русия аст, ки аз соли 2007 ба ин сӯ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, 47 дарсади маҳсулоти бозори маводи нафтии ин кишварро ворид карда, дар қиёс бо дигар ширкатҳо нақши пешгомиро дорад.
Бино ба иттилои расмӣ, «Газпромнефт-Тоҷикистон» ҳоло дар Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва Ваҳдат 25 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дорад.
Ҳодисаи дуздии хазинаи нуқтаи сӯзишвории ширкат бори аввал иттифоқ меафтад. Ба қавли масъулон, шахсияти дуздон ҳанӯз мушаххас нашудааст, зеро он чӣ аз сабти видеоии НФС нишон медиҳад, танҳо се ниқобпӯшанд, ки ба сӯи роҳи Душанбе – Ваҳдат фирор кардаанд. Бино ба ин наворҳо, онҳо алайҳи кормандони НФС зӯроварӣ нишон надода, балки аз чашми онҳо пӯшида вориди бино шуда, даст ба дуздӣ задаанд.
Мақомот мегӯянд, аз рӯи моддаи 244-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – дуздӣ парванда боз шудааст, аммо то муайян кардани шахсияти дуздон намешавад, айби муайянеро ном бурд. Зеро бино ба Кодекси ҷиноӣ, дуздии бори аввал аз дуздии такрорӣ фарқ мекунад ва дар ин замина ҷазоҳо ҳам фарқ доранд.
Толиб Афзалӣ, ҳуқуқшиноси «Газпромнефт – Тоҷикистон» мегӯяд, ҳодисаи мазкур масъалаи амнияти нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро низ ба миён гузоштааст ва раҳбарият ҳоло дар фикри таъмин кардани ин нуқтаҳо бо муҳофизон аст.