Дар шаҳри Душанбе давраи бозомӯзии мураббиёни футбол барои гирифтани муҷаввизи дараҷаи “А”-и Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шурӯъ шуд.
Ба ин давраи бозомӯзӣ мушовири АFC Ислом Аҳмадов аз Узбакистон ва Боир Эгамбердиев, мушовири Федератсияи футболи Тоҷикистон, раҳбарӣ мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон давраи бозомӯзии мураббиёни футбол то рӯзи 26-уми декабр идома хоҳад кард. Дар машғулиятҳо 20 мураббии тоҷик ширкат мекунанд. Инҳо Нӯъмонҷон Юсуфов, Илдар Раҳмонов, Раҷаб Расулов, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, Зайниддин Раҳимов, Носир Ҳамидов, Ҳикмат Фузайлов, Рустам Қурбонов, Аҳлиддин Турдиев, Тоҳир Муъминов, Ҳасан Раҷабов, Абдулло Умарбоев, Рустам Хоҷаев, Ҳусейн Шодиев, Амоншо Содатсайров, Алиёр Ашӯрмамадов, Ғайраталӣ Мираҳмадов, Алишер Ҳақбердиев, Салоҳиддин Ғафуров ва Тухтабой Абдураҳимов мебошанд.
Дар ин давраи бозомӯзӣ, инчунин, мураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Афғонистон Муҳаммад Юсуф Коргар ва сармураббии бошгоҳи футболи «Абдиш-Ата»-и Қирғизистон Мирлан Эшенов ширкат доранд.
Ба барномаи давраи бозомӯзӣ машғулиятҳои назариявию амалӣ дохиланд. Баъди анҷоми машғулиятҳо ба ширкаткунандагоне, ки аз рӯи барномаи омӯзиш аз санҷиш бомуваффақият мегузаранд, сертификатҳои байналмилалии мураббиёни дараҷаи «А»-и AFC супурда мешаванд.