Дарси суруд дар мактабҳо "нодаркор" мешавад?

Зарина Шодиева 26 сол дорад ва ягон мактаби мусиқиро нагузаштааст. Ихтисоси аслии ӯ омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик аст.
Ин муаллимаи ҷавон замоне омӯзгори фанни мусиқӣ шуд, ки мактабашон ба омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик эҳтиёҷ надошт. Вай мегӯяд, раҳбарияти мактаб ба ӯ пешниҳод карданд, ки аз фанни мусиқӣ барои шогирдон дарс гӯяд ва ӯ низ мувофиқат кард.

Заррина Шодиева мегӯяд: «Ба ман пешниҳод карданд, ки муаллимаи суруд шавам ва барои хонандаҳо дарси мусиқиро омӯзам, зеро мактаб ба муаллими фанни мусиқӣ ниёз дошт. Вақте соати дарси кам аст, аз ҳамин хотир омӯзгорони ихтисоси мусиқӣ намехоҳанд дар мактабҳо кор кунанд. Дар ин ҳолат раҳбарони мактабҳо низ маҷбур мешаванд, ки омӯзгорони фанҳои дигарро ба дарси мусиқӣ ҷалб кунанд».

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон таълими ҳатмии мусиқӣ эҳё мешавад?



Бо ин ҳама ба гуфтаи худи Зарина, ӯ дарси мусиқиро замони таҳсил дар мактаби миёна омӯхтаасту ҳанӯз барои додани таълими мусиқӣ ба хонандагон омода нест. Ин дар ҳолест, ки масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон таълими фанни мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаро ҳатмӣ дониста мегӯянд бояд дарси мусиқӣ ҷиддӣ омӯзонида шавад. Зеро дар ин авохир дарси суруд ва ё мусиқӣ ба як фанни нодаркор табдил шудаву умадатан ин фан ба он омӯзгороне дода мешавад, ки мутахассиси соҳа нестанд.

Бурҳон Сайфиддинов, сардори шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълимии вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бурҳон Сайфиддинов, сардори шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълимии вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, дар бештари мавридҳо омӯзиши дарси мусиқӣ барои синфҳои 1-4 бевосита ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ вогузор шудааст, ки на ҳамаи онҳо таҳсилоти методикаи таълими ибтидоиро хатм кардаанд. Балки миёни онҳо омӯзгороне бо ихтисосҳои математикаву биология зиёданд, ки наметавонанд дарси мусиқиро ба хонандагон омӯзанд.

Сайфиддинов гуфт: «Як камбудии асосӣ ҳамин аст ва кӯдакони мо аз хурди аз моҳияти таълими мусиқӣ бехабар мемонанд. Бояд дарси мусиқӣ, бевосита аз ҷониби хатмкардаҳои факултаи таълими мусиқии макотиби олӣ таълим дода шавад».

Санъатшиносон мегӯянд, омӯзгорони фанyи мусиқӣ дар замони шӯравӣ ҳади аққал маълумоти миёнаи мусиқӣ доштанд ва ҳамзамон дар бахшҳои мусиқӣ низ, ба мисли фортепианои тахассусӣ, созҳои миллиро балад буданд. Вале дар ду даҳсолаи ахир хатмкардаҳои риштаи мусиқӣ ба кор ба мактабҳо намераванд. Зеро омили аслии ба омӯзгорӣ ҷалб нашудани онҳо, кам будани соати дарсӣ унвон мешавад.

Садриддин Садриддинов, омӯзгори мактаби №1-и шаҳри Душанбе гуфт: «Фанни мусиқӣ, ки дар синфҳои ибтидоӣ ба роҳ монда шудааст, соатҳо кам ҳастанд. Вақте омӯзгори фанни мусиқӣ дарси кам медиҳад, пулаш кам мешавад. Баъд он омӯзгороне, ки дар синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯянд ё забон ва адабиёт, омӯзгороне ки сарборӣ ва ё соатҳои дарсияшон камтар аст, барои дарс гуфтан ҷалб мешаванд».

Султоналӣ Худойбердиев, устоди донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо таъкиди гуфтаҳои ҷаноби Садриддинов афзуд, аксари мутахассисоне, ки мактаби мусиқиро хатм мекунанд, аз набудани шароит, аз ҷумла камии соатҳои дарсӣ, тарки фаъолияти омӯзгорӣ дар мактабҳо мекунанд. Ва чунин ба назар мерасад, ки хатмкунандагон ва муҳассилони муассисаҳои мусиқӣ бештар роҳи овозхонониро пеш мегиранд.

Ҷаноби Худойбердив афзуд, ки ҳамасола садҳо нафар донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм мекунанд, ки миёни онҳо 20 нафарашон, махсус кафедраи мусиқии омӯзгориро ба поён овардаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон чандин омӯзишгоҳу коллеҷи мусиқӣ, ва консерватория фаъол аст ва теъдоди хатмкунандагони ин муассисаҳои таълимӣ дар сол ба беш аз ҳазор нафар мерасад.