Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як шаҳрванди кишвар, ки дар Русия бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуд, кормандии ин вазорат нест.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилӣ, рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Наҷибулло Тиллоев, корманди вазорати умури дохилӣ нест, агарчӣ дар гузашта ба ҳайси корманди ғайриштатии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ кор кардааст.
Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, санади расмии корманди ғайриштатии милиса будани ӯ аз пеш аз эътибор соқит дониста шудааст. Расонаҳои русӣ, рӯзи 25 ноябр навиштанд, ки Наҷибулло Тиллоев, шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми қочоқи як кило маводи мухаддир дастгир кардаанд ва ӯ корманди вазорати умури дохилии Тоҷикистон будааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки корманди ғайриштатии Шӯъбаи корҳои дохилӣ ягон салоҳияти шахси мансабдор будани онро муайян намесозад.
Маҳмадулло Асадуллоев субҳи имрӯз гуфта буд, ки феълан дар робита ба ин, ки Наҷибулло Тиллоев корманди вазорати умури дохилии Тоҷикистон аст ё аз шаҳодатномаи вазорат сӯистифода кардааст, чизе гуфта наметавонад.
Дирӯз пулиси Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро бо як килограм маводи мухаддир дастгир кардааст, ки ҳангоми боздошт шахси дастгиршуда шаҳодатномаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро нишон додааст.
Хабаргузории «Новости», ба нақл аз дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилӣ дар Маскав навиштааст, ки кормандони пулис ҳангоми дастгир кардани ин шаҳрванди Тоҷикистон аз вай як килограм ҳероин ва шаҳодатномаи хизматии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро пайдо кардаанд.
Баъзе нашрияҳои русӣ навиштаанд, ки шахси дастгиршуда шаҳрванди 24-солаи тоҷик бо номи Наҷибулло Тиллоев будааст. Гуфта мешавад, вай ҳангоми дастгир шудан ба кормандони мақомот шаҳодатномаи хизматии ВКД-и Тоҷикистонро нишон медиҳад.