Тифлис аз аломатгузории марз нигаронӣ мекунад

Тифлис аз гузоштани аломатҳои марзӣ дар деҳаи Гогетӣ дар наздикии марзи Гурҷистон бо Асетияи Ҷанубӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Телевизиони Имедии Гурҷистон аз қавли Давид Суҷашвилӣ-раиси Маркази таҳлилии вазорати корҳои дохилаи Гурҷистон рӯзи сешанбе гуфт, ки аз ин кори Русия созмонҳои байналмиллалӣ ва намояндагиҳои хориҷиро огаҳ сохтаанд. Вай гуфтааст, нируҳои амниятӣ гардиш дар минтақаро бештар кардаанд, то амнияти сокинони маҳаллии назди марзиро таъмин намоянд.

Моҳи сентябр сафоратхонаи Амрико дар Тифлис аз фаъолиятҳои аломатгузории марз аз тарафи Русия дар Асетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон изҳори нигаронӣ кард.
Русия истиқлоли давлатии ин ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро ба расмият шинохтааст. Нируҳои Русия дар ин ду минтақа ҷойгир шудаанд.