НАНСМИТ: Лоиҳаи тағйиру иловаҳо барои фаъолияти интернетӣ нашр шавад

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Маркази милии қонунугузорӣ мехоҳад, ки матни «Тарҳи тағйиру иловаҳои ба қонунгузории Тоҷикистон оид ба фаъолияти интернет дар Тоҷикистон»-ро барои мавриди таваҷуҳи ҷомеаи кишвар қарор додани он дар саҳифаи матбуот нашр кунанд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ рӯзи 21-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки анҷумани миллии расонаҳои озоди кишвар аз Маркази милии қоунунгузории раёсати ҷуҳмур дархост кардааст, ки матни лоиҳаи танзими интернет дар қоунунугзориро ба нашр расонад.

Роҳбари НАНСМИТ мегӯяд, ки то замони ирсоли он ба порлумон созмонҳои журналистӣ, рӯзноманигорон ва корбарони интернет тавонанд бо фаслу моддаҳои ин тарҳ ошно шуда, фикру назари худро ироа кунанд.

«Мо аз баррасии ин тарҳ огоҳ ҳастем, вале хеле вақт аст, ки намедонем Маркази милии қонунгузорӣ ба ин санад чи тағйиру иловаҳои ворид кардааст ва намояндаи мо, ки дар ибтидо дар баҳси он ширкат дошт тайи як сол аст даъват нашудааст ва намояндагони дигар расонаҳо низ дар он ширкат надоранд», зикр мекунад Нуриддин Қаршибоев.

Намояндагони созмонҳои журналистӣ ва интернетӣ ин тарҳҳро бисёр муҳим арзёбӣ мекунанд ва масъалаи бастану маҳдуд кардани расонаҳои интерентиро вобаста ба ҳамин санад медонад.

Аз ҷумла Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани миллии корбарони интернет дар Тоҷикистон , мегӯяд, «роҳи қонунии муайян намудани маводи ғайриқонунӣ масалан, чӣ тавр тавассути ин қонун маводе ё сайтеро метавон баст ё кушод, аз ин нигоҳ ин тарҳ муҳим буда умедвор ҳастем, ки Маркази милии қоунунгузорӣ онро дар ояндаи наздик ба порлумон пешинҳод хоҳад кард ва дар матбуот ба нашр хоҳад расонид».

Дар ҳамин ҳол як намояндаи Маркази милии қонунунгузории назди президенти Тоҷикистон гуфт, ки ҳамаи намояндагони матбуоти даврӣ аз ин тарҳ бохабар ҳастанд ва аз ҳар созмони журналистӣ як намоянда дар ҷараёни баррасии он ширкат дошт.

Маркази милии Қонунгузори назди президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо иқдоми ҳукумати кишвар барои тартиб додани тарҳи қонун дар бораи танзими интернет ё худ лоиҳа дар бораи танзими интернет дар қонунгузориҳои кишвар як кумиссия таъсиси дода шудааст.

Масъалаи зарурати ворид кардани танзими интернет дар қоунунгузориҳои Тоҷикистон дар ҳоле пеш омад, ки дар соли гузашта аз тарафи Хадамоти алоқа бо сар задани амалиёт дар минтақаи Рашт ва ба дунболи он бо сар задани ҳаводиси Хоруғ чандин сайтҳои дохиливу хориҷӣ баста шуданд.

Акнун қоунунгузорӣ мушаххас хоҳад кард, ки дар чӣ шароит ва дар кадом вазъ сайти интернетӣ ва ё мақолаи сайти интернетӣ баста шавад ва ё боз карда шавад.

Ба ин тартиб Созмонҳои журналистии Тоҷикистон тақозо доранд, ки Маркази милии қоунунгузорӣ матни тарҳи тағйиру иловаҳои ба қоунунгузориҳо оид ба танзими интернетиро ошкор кунад ва дар саҳифаи матубот ба нашр расонад.