Моҳрӯ Холова 38 сол дорад ва дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ба сар мебарад. Ӯ модари се фарзанд аст ва шавҳараш 5 сол пеш барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт ва дигар барнагашт.
Моҳрӯ Холова мегӯяд, шавҳараш Олим Холов дар тӯли панҷ сол боре ҳам бо ӯ дар тамос нашуд ва барои бачаҳояш як танга ҳам нафиристод: «Аз хоҳаршӯям шунидам, ки ӯ дар он ҷо зан гирифтааст. Барои бачаҳояш пул равон намекунад. Бигузор депортатсияаш кунанд. Шояд бо ҳамин баҳона омада фарзандонашро соҳибӣ мекунад.»
Бо ин гуна арзу хоҳиш Моҳрӯ Холова ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муроҷиат кардааст, то ин ниҳод тавонад дар баргардонидани падари хонадон ба ин зан кӯмак кунад. Моҳрӯ танҳо зане нест, ки мехоҳад шавҳараш аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргардад ва саробони фарзандонаш бошад. Ҳамчунин иддае дигар аз занон орзуи депорт шудани бародар ва дигар пайвандонашонро мекунанд.
Тоҷиниссо Ҳошимова низ зиёд мехоҳад бародараш, Зокирҷон Ҳошимов, ки 8 сол инҷониб дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст ва боре ба аёдаташон наомада, ҳатто тамос намегирад, аз Русия ихроҷ шавад. Ба қавли ин хонум, онҳо на танҳо ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, балки ба Хадамоти муҳоҷирати Русия низ тамос гирифта, талаби депорт кардани бародарашонро кардаанд.
Тоҷиниссо меафзояд, бародараш давоми 8 сол як маротиба, он ҳам 4 соли пеш барои модараш 50 доллари амрикоӣ равон карда буду халос: «Мехоҳем бародарам Тоҷикистон баргардад. Ҳарчанд суроғаашро мегирем ва суроғаи дигар бародаронамро барояш бо дасти дигарон равон мекунем, аммо боз ҳам наметавонем тамос гирем. Барои ҳамин мехоҳам, ки ӯро аз Русия пеш кунанд.»
Ҳамчунин ин ҳамсӯҳбати мо меафзояд, гап сари маблағ равон кардан ё накардани бародараш намеравад, балки масъала дар он аст, ки падару модараш зиёд нигарон мешаванд. Вай мегӯяд: «Модарам ҳамеша мегиряд. Гоҳҳо ба зинда будани додарам шубҳа мекунад. Мегӯяд, бовар надорам писарам зинда бошад».
Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, ки гурӯҳе аз шаҳрвандон барои баргардонидани шавҳар, бародар ё фарзандонашон муроҷиат мекунанд, аммо хадамот ваколати баргардонидани онҳоро надорад.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ҳар моҳ ҳудудан то 15 нафар аз занҳо ба ин ниҳод муроҷиат мекунанд то шавҳар, бародар ва фарзандонашон баргардонида шаванд ё расман онҳо аз Русия депорт шаванд. Ҷаноби Қодирӣ, мегӯяд, танҳо дар сурати доштани суроғаи шаҳрвандон, хадамот метавонад онҳоро бо роҳҳои мусолиҳаомез ба назди зану фарзандонашон баргардонад.
Абдулло Қодирӣ мегӯяд: «Агар шаҳрвандон бо мактуби расмӣ муроҷиат кунанд, ҷиҳати баргаштанашони пайвандонашон кӯмак мекунем. Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар чандин минтақаҳои Русия кор мебаранд, ки дар асоси суроғаи ҳуқуқияшон шаҳрвандонро пайдо карда, машварати баргаштанро медиҳанд.»
Ба қавли сухангӯи Хадамоти муҳоҷират, барои баргардонидани шавҳару бародар ва фарзандон бештар нафароне муроҷиат мекунанд, ки пайвандонашон зиёда аз панҷ то даҳ сол ба дидорбинияшон наомадаанд. Ё аз кӯмак ба фарзандонашон сарпечӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки ба қавли ҷомеашиносон омили асосии барнагаштани муҳоҷирон ба назди пайвандон ё сарпечӣ кардан аз нигоҳубини зану фарзандашон, муносибати сарди хонаводаҳост. Аъзамшоҳ Ширговадӣ, коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки агар хонаводаҳо аз муҳоҷирон танҳо маблағ талаб накунанду аз ҳолати равониву ҷисмонии онҳо бештар пурсон шаванд, мардҳо аз оилаҳояшон намегурезанд.
Ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, бештари мардҳое, ки дар Русия зан мегиранду дигар хонаводаи худро суроғ намекунанд, ҷавононанд: «Занҳо дархост мекунанд, ки мардҳо депорт карда шаванд, ин ҷо чанд суоле пеш меояд. Нахуст суол он аст, ки чӣ гуна метавон он мардҳоро бозпас овард. Дар сурати қонунан зистанашон онҳоро наметавон ба Тоҷикистон баргардонд. Суоли дигар он аст, ки онҳо чаро намеоянд? Шояд баъзеяшон аз надоштани имкон намеоянд. Дастмузди ночизе, ки мегиранд мардонро да хулосае меорад, ки худашон бори гарони ғарибиро бар дӯш гиранду маблағро ба Тоҷикистон равон кунанд.»
Аъзамшоҳи Ширговадӣ муътақид аст, ки қисмати ками мардҳое ҳастанд, ки хонаводаи худро бесаробон монда, дигар аз Русия барнамегарданд. Аммо ин коршиноси тоҷик мегӯяд, "агар онҳо ба ватан бозпас биёянд, дар ин ҷомеа чӣ кор мекунанд? Вақте бекор монданд, дубора рафта кори пештараашонро пайдо мекунанд ё на? Инҳо мушкиле ҳастанд, ки мардонро он ҷо боз медоранд.
Зимнан, тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муддати 10 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 870 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки мардҳо ҳудуди 730 ҳазори онро ташкил медиҳанд. Ба иттилои Хадамот, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, беш аз 721 ҳазорашон муҳоҷири корӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ гуфта мешавад, ки беш аз миллион шаҳрванди қобили кории Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд ва нигоҳубини бачаҳои худро ба занҳо вогузор кардаанд.