"Арӯси тоҷик" дар Чин 14 миллион доллар фурӯхта шуд

"Арӯси тоҷик"

Рӯзи шанбе асари наққошии Дзин Шанъӣ-наққоши чинӣ, ки “Арӯси тоҷик” ном дорад, 14 миллион доллар ба фурӯш рафт. Бино ба гузориши хабаргузории «Синхуа»-и Чин, дар 20 соли ахири намоишгоҳҳои фурӯши осори наққошӣ ба чунин арзиш ба фурӯш рафтани асари наққошӣ рекорд ба шумор меравад.

Дар оғоз ин асарро 9 миллион юан эълон карданд, вале саранҷом арзиши он то ба 85,1 миллион юан боло рафт. Ба ин тартиб “Арӯси тоҷик” гаронтарин асари наққошии Дзин Шанъӣ ба шумор меравад.