Як гурӯҳи кормандони Корхонаи нассоҷии тоҷик аз раисҷумҳур дархост кардаанд, ки ба хусусӣ кардани манзили зисти онҳо, ки мероси замони Шӯравист, иҷозат бидиҳад.
Ин гурӯҳи ҳудудан 20-нафарӣ дар назди Кохи президент ҷамъ шудаанд ва иддао доранд, ки 40 сол боз дар Корхонаи нассоҷии тоҷик кор мекунанд, вале ҳанӯз ҳам ҳақи хусусӣ кардани манзилҳои замони Шӯравиро дарёфт накардаанд.
Ҳарчанд иҷозаи хусусӣ кардани манзил дар салоҳияти идораҳои дигар аст, аммо дар байни мардум як боваре роиҷ шудааст, ки ҳарфи ниҳоиро дар ҳамагуна баҳс раисҷумҳур мегӯяд.
Яке аз ин занон дар суҳбат бо хабарнигори радиои "Озодӣ" гуфтааст, ки масъулони Корхонаи нассоҷии тоҷик ё "Текстил" 15 сол боз ба онҳо ваъда медиҳанд, ки хонаҳояшон шахсӣ хоҳанд шуд, аммо то кунун ин ваъдаҳо иҷро нашудаанд.
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ин зан, қариб чор даҳсола дар "Текстил" кор мекунад ва фарзандонаш низ коргари ин корхона ҳастанд ва «магар ӯ ҳақи ба манзи шахсӣ надорад?»
Корхонаи нассоҷии тоҷик ё "Текстил" аз бузургтарин корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аст, ки дар даврони Шӯравӣ беш аз 14 ҳазор коргар доштааст. Аммо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, мушкилоти молӣ имкон надод, то куллияи коргаронро дар ин корхона нигаҳ дорад. Ҳамакнун гуфта мешавад, ин корхона ҳудуди 800 коргар дорад.
Дар даврони шӯравии пешин ба коргарон барои зист хобгоҳ ва пас аз муддате хона дода мешуд, аммо имрӯз корхонаи ин тавонро надорад. Ин аст, ки маъмурияти корхона хобгоҳҳо ва хонаҳоеро, ки барои коргаронаш дар даврони шӯравии пешин дода буд, намехоҳад аз даст диҳад. Зеро ба гуфтаи мутахассисони "Текстил", дар он сурат аз неруи корӣ низ маҳрум хоҳад шуд.
ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД