Сарраёсати марзбонии КДАМ мегӯяд, ки аз ҳодисаи гаравгон гирифтани як ҷавони 20-солаи сокини Шӯрообод аз тарафи афғонҳои мусаллаҳ бохабаранд ва барои раҳо кардани ӯ ҳамаи чораҳоро меҷӯянд.
Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 15-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки аз ҳодисаи гаравгон гирифта шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи марзии Шӯробод аз сомонаи радиои «Озодӣ» огоҳ шудаанд ва феълан ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад.
Сарраёсати марзбонии Тоҷикисон мегӯяд, ки мақомоти марзбонӣ дар минтақаи Шӯрообод талош доранд, ҳамроҳ бо бахшҳои амниятӣ бо мақомоти ҷониби Афғонистон дар тамос шуда, масъалаи мазкурро ҳаллу фасл кунанд. Аммо сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аз рух додани ин ҳодиса изҳори бехабарӣ кард ва яке аз намояндагони ин сафорат гуфт, ки ҳатман ин масъаларо рӯшан мекунанд ва бо мақомоти Тоҷикистон дар миён мегузоранд.
Гурӯҳе аз афғонҳои мусаллаҳ як ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Шӯроободро ба гарав гирифта ва ҳамакнун чаҳор рӯз аст, ки аз ӯ дараке нест. Манобеъи интизомии минтақаи Кӯлоб, зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "аз ин ҳодиса хабар доранд ва иқдомотеро барои ҷустуҷӯи ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯи даст гирифтаанд".
Ба нақли сокинони рустои Зардолуяки ноҳияи Шӯрообод, "ин ҳодиса шаби 10-ум ба 11-уми ноябр иттифоқ афтода ва гурӯҳи даҳ нафараи афғонҳои мусаллаҳи либоси низомипӯш вориди ин деҳа шуда, писарбачаи 20-сола - Олими Суҳбатро ба гарав гирифта, ба самти номаълум рафтанд. Ин сокинон гуфтаанд, ки гурӯҳи афғонҳои мусаллаҳ ҳамчунин аз деҳа анвои хӯрока низ бо худ гирифтаанд.
Сокинон сабаби ба гарав афтодани Олимро намедонанд. Ҳарчанд Шӯрообод аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон аст ва дар гузашта мавориди ба гарав афтодани иддае аз сокинон ба дасти афғонҳо, ба қарздории онҳо аз маводи мухаддир унвон шудааст.
Ба иттилои сарраёсати марзбонии Тоҷикистон, 8 сол қабл ҳодисаҳои гаравгонгирии сокинони деҳоти марзнишин аз ҷониби шаҳрвандон ва ба хусус гурӯҳҳои силоҳбадасти афғонӣ зиёд рух медод, вале тайи солҳои ахир камтар шудааст.
Чун дар солҳои пеш иддае аз қочоқбарои маводи мухаддири афғон ба бархе аз сокинони ин минтақаи марзӣ маводи мухаддир дода ва пас аз гузашти замоне омада пули онро талаб мекарданд. Аммо онҳое, ки пули мухадирраро баргардонида наметавонистанд, аз сӯи қочоқбарони афғон ба асорат гирфта мешуданд. Аммо дар чанд соли ахир мавориди ба дасти афғонҳои қочоқбар ба гарав афтодани иддае аз скоинони ноҳияи Шурообод қариб, ки ба мушоҳида нарасида буд.
Ҳарчанд шоми 21-уми март марзшиканони мусаллаҳи афғон аз чарогоҳи мавсимии аҳли деҳ дар мавзеи Дулоба 4 сокини деҳаро бо дастони баста ба гарав бурда буданд, аммо пас аз 5 километр роҳ сокинон бо забони русӣ, забони барои афғонҳо ношинос, машварат карда, ба хулосае меоянд, ки ба афғонҳои силоҳбадаст ҳамла кунанд. Дар натиҷаи муқовимат се қочоқчӣ ва як сокини ин деҳ бо номи Пирназар Исматов ҳалок гардида буд. Ин буд, ки сокинони Деҳи Қозӣ ба хотири таъмини амнияти сокинони ин деҳаи наздимарзӣ аз ҳамлаи эҳтимолии қочоқчиён, хостори таъсиси дидбонгоҳи марзӣ шуданд.
Сокинони Деҳи Қозӣ, рустое дар марзи Афғонистон бо ирсоли як нома ба Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, навиштаанд, ки аз ҳодисаҳои қаблии марзӣ медонанд, ки гурӯҳҳои марзшикани силоҳбадасти афғон кушта шудани се ҳамроҳашонро дарднок қабул мекунанд ва ҳатман дар пайи қасос хоҳанд афтод. Аз ин рӯ эҳтимоли ҳамлаи шабонгоҳии марзшиканони афғон вуҷуд дорад.
Шӯрообод беш аз 140 километр марзи душворназорат бо Афғонистон дорад, ки пайваста дар ин ҳудуд ҳодисаҳои марзшиканӣ сабт мешавад. Аммо кушта шудани се марзшикани мусаллаҳ бо дасти сокинони Деҳи-Қозӣ, ки бесилоҳ будаанд, ҳодисаи нодир арзёбӣ мешавад.