Дар Афғонистон ҳосили рекордии тарёк ба даст меоранд

СММ мегӯяд, ки соли ҷорӣ кишти тарёк дар Афғонистон ба мизони рекордӣ расидааст. Дар гузориши солонаи СММ роҷеъ ба маводи мухаддир дар Афғонистон ҳосили тарёк дар соли 2013 ба 5 500 тон расидаст ва он 49 дарсад нисбат ба як соли пеш бештар аст. Ин миқдор аз тамоми тарёки парваришшуда дар ҷаҳон низ зиёд мебошад. Мазореи кишти тарёк низ 36 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар гузориш омадааст, афзоиши кишти тарёк шояд бад-он сабаб аст, ки кишоварзон аз сатҳи зиндагии ояндаи худ нигаронанд, зеро то поёни соли 2014 нируҳои эътилофи байналмиллалӣ Афғонистонро тарк мекунанд. Аслан дар қисматҳои ҷанубӣ ва шарқии Афғонистон тарёк кишт мекунанд, дар минтақаҳое, ки зери контроли Толибон қарор доранд.