Ойниҳол Бобоназарова аз шикоят ба Додгоҳи Қонунии асосии Тоҷикистон оид ба қонуншиканиҳо дар давраи пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ худдорӣ кардааст.
Номзади сабтиномнашудаи мухолифин дар интихоботи президентӣ рӯзи 12 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ мехост дар бораи чанд мавриди нақзи қонун, аз ҷумла, беш аз муқаррароти Қонунӣ асосӣ таъйин кардани шумораи имзоҳои барои сабти номи номзадҳо зарурӣ ба Додгоҳи конститутсионӣ шикоят барад. Ба гуфтаи сиёсатмадори тоҷик, ҳоло дақиқ шуда, ки барои сабти ном 190 ҳазор имзо кофӣ будааст, дар ҳоле ки Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) шумораи имзоҳоро 210 ҳазор муқаррар карда буд.
Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд: “Қаблан мо пешниҳод карда будем, ки як кумиссиюни мустақил аз ҳисоби ҳизбҳову хабарнигорон ва аъзои кумиссиюни интихоботӣ таъсис шавад ва имзоҳои ҷамъовардаи ҳамаи номзадҳоро тафтиш кунанд. Вале мақомот розӣ нашуданд ва шакку шубҳаи мо дар мавриди воқеъан ҷамъоварӣ шудани ин имзоҳо афзоиш ёфт.”
Хонум Бобоназарова меафзояд, ки аз ин пеш ситоди интихоботии ӯ чаҳор бор дар робита ба қонуншиканиҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз додгоҳи ноҳиявӣ сар карда то ба Додгоҳи Қонуни асосӣ шикоят кард, аммо муроде ҳосил нашуд. “Боз як шикоят ба Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон чизеро ҳал намекунад, зеро ягон додгоҳ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, Додгоҳи конститутсионӣ мустақил нест,” - мутмаин аст номзади нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон.
Ӯ бо ишора ба изҳороти ахири Иттиҳодияи Аврупо, ки интихоботи Тоҷикистонро ба далели набуди чандандешиву рақобати воқеъӣ ва эҷоди монеъаҳо барои мухолифин танқид кардааст, мегӯяд, “ширкати номзади мухолифин фақат ба манфиати ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мебуд ва шояд мавриди интиқоди ин қадар шадиди кишварҳои ғарбӣ қарор намегирифт.”
Зимнан, дар аксар кишварҳо барои сабти ном шудани номзад ба мақоми раисиҷумҳур теъдоди хеле камтари имзоҳо заруранд. Дар Қирғизистон номзад бояд 30 ҳазор имзои ҷонибдоронашро ба кумиссиюни интихоботӣ пешниҳод намояд. Дар Озарбойҷон, бар пояи қонун, барои сабти ном ба ҳайси номзад дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешниҳоди 40 ҳазор имзо кофист. Дар Гурҷистон номзади оянда бояд 26 530 имзои ҷонибдоронашро дар ихтиёри Кумиссиюни интихоботӣ гузорад. Дар Қазоқистон номзад баъд аз пешниҳоди каме бештар аз 90 ҳазор метавонад сабти ном шавад.
Ойниҳол Бобоназарова пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омадани беш аз 3 миллион нафарро ҳам зери шубҳа бурд ва гуфт, ки бар пояи ҳисобу китоби онҳо, шумораи афроди раъйдода хеле пойинтар аз ин рақам аст.
Ёдовар мешавем, як рӯз баъд аз раъйдиҳӣ Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР зимни натиҷагирии муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гуфт, ки «ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, 83,6 дар сад ё 3 миллиону 23 ҳазору 754 нафар, ба Исмоил Талбаков 5 дарсад ё беш аз 186 ҳазор, Толиббек Бухориев 4,5 дар сад ё 166 ҳазору 224 нафар, ба Олим Бобоев 3,8 дар сад ё беш аз 140 ҳазор, ба Абдуҳалим Ғаффоров 1,5 дар сад ё 54 ҳазору 148 нафар ва ба Саидҷаъфар Исмонов 1 дар сад ё 36 ҳазору 572 нафар раъй додаанд."
Аз 5 рақиби Эмомалӣ Раҳмон танҳо номзади коммунистҳо Исмоил Талбаков раъйи ба 210 000 имзои ҷамъовардааш наздиктареро дар интихобот ҳам ба даст овард. Ва ҳоло дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон ва ҳатто дар сӯҳбатҳои мардуми оддӣ ҳоло суоле сари забон аст, ки чаро чаҳор номзади дигар хеле камтар аз имзоҳои ҷамъовардаашон раъй гирифтанд?
Темур Варқӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ, ҳам ба пойи қуттиҳои интихоботӣ омадани беш аз 3 миллион нафар шубҳа дорад, зеро дастикам 30 дарсади раъйдиҳандаҳо дар Тоҷикистон ҳузур надоштанд ва ҳамчунин гурӯҳи бузурги шаҳрвандон интихоботро таҳрим карда буданд. Ӯ мегӯяд, Комиссиюни интихобот ва раъйпурсӣ рассомеро мемонад, ки “заказ”-и хӯҷаинро, тавре ӯ мехост, яъне зебову савори аспи сафед ва тоҷ болои сар, иҷро кардааст.
“Агар аз комиссиюн мехостанд, ки шумораи овозҳо ба раисиҷумҳурро 90 ё 99 фоиз нишон диҳад, ҳатман ин корро мекард,” - мутмаин аст Темур Варқӣ. Ӯ меафзояд, комиссиюни интихоботӣ бо эълони рақамҳои муқаддамотӣ на фақат ба Эмомалӣ Раҳмон “хизмати хирсона” кард, балки қонунӣ будани интихоботро зери суол бурд, ки ин барои ҳукумат паёмади ногувортар хоҳад дошт, яъне инро метавон чун “харобкорӣ” арзёбӣ намуд.
Аммо Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки ҷамъоварии имзо ва райъ гирифтан ду чизи комилан муттафовитанд: “Ҳар кас метавонад, новобаста аз мавқеъи ҳизбиву иҷтимоияш барои ҳар номзад имзо гузорад, ба он хотир ки дар интихобот номзадҳои бештар ширкат кунанд, рақобат бошад, фикру андешаҳои мухталиф баён шаванд ва маърака шавқовартар гузарад. Аммо вақте ба қитъаи интихоботӣ меояд, ӯ вобаста ба мавқеъи сиёсияш ва ба номзади дилхоҳи худ, яъне ба номзаде, ки ба нерӯи ӯ боварӣ дорад, овоз медиҳад.”
Сӯҳроб Шарифов меафзояд, таъйини шумораи имзоҳо барои сабти номзад салоҳияти Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсист ва агар ҳизбҳо ба дуруст будани ҷамъоварии 210 ҳазор имзо шубҳа доштанд, бояд дар ҳамон марҳалаи аввал инро мавриди баҳс қарор медоданд: “Ва кумиссиюн метавонист ин масъаларо ба таври корӣ ҳал кунад ва шояд шумораи имзоҳоро пойин ҳам мебурд.”
Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, “ҳоло бубинем, ҳизбҳои сиёсӣ, дар ҳоле, ки то интихоботи парлумонӣ каме бештар аз як соли дигар мондааст, боз хомӯш хоҳанд нишаст ва мисли ҳамеша, фақат се моҳ пеш аз маърака фаъол хоҳанд шуд ё аз ҳоло пойфишорӣ барои тағйири қонунҳо ва ҳатто Қонуни асосиро шурӯъ мекунанд.”