Дар Химкии вилояти Маскав яке аз бузургтарин бозорҳои масолеҳи сохтмонӣ бо номи “Балка-28” баста шуд. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия бо такя ба вазорати бозори истеъмолӣ ва хадамоти вилояти Маскав иттилоъ додаанд. Дар ин бозор, ки бештар аз панҷ ҳазор метри мураббаъ масоҳатро ишғол мекунад, тиҷорати ғайриқонунӣ идома дошт. Дар он асосан масолеҳи сохтмонӣ савдо мешуд.
Бино ба хабарҳо ширкате, ки бозор ба он тааллуқ дошт, яъне ширкати «ЗЕМСТРОЙ» барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ иҷоза надоштааст. Вазорат гуфтааст, ки ҷои бозор барои чарогоҳ ихтисос дода шуда будааст, вале ғайриқонунӣ ба бозор ё ҷои тиҷорат табдил додаанд.