Ҳар раҳгузар ё ронанда дар Душанбе метавонад тасдиқ кунад, ки дар паси мошинҳо навишта ва лавҳаҳои динӣ, монанди «МошоАллоҳ", "Моя жизнь по правилам Аллаха" ва монанди ин бештар шудаанд.
Ронандаҳо мегӯянд, агар дар солҳои пеш бисёриҳо дар паси мошинҳои худ лавҳаҳои "Эй сорбон, оҳиста рон", «Роҳ кайҳон нест», «Масофаро риоя кунед» ва монанди инҳоро мечаспонданд, ҳоло бештар дар ҷустуҷӯи навиштаҳое ҳастанд, ки мафҳуми динӣ дошта, бо ҳуруфи арабӣ навишта шуда бошанд.
Дилшод, ронандаи нақлиёти мусофиркаш дар хатсайри рақами 3 мегӯяд, онҳо вобаста ба таваҷҷӯҳ ва хоҳиши худашон, ин навъи навиштаҷотро дар мошинҳои худ насб мекунанд. Дилшод, насби"МошоАллоҳ"-ро бо ҳуруфи арабӣ дар мошини худ, ба эътиқоди динияш рабт дод.
«Ин муд нест. Дар бозор чунин навиштаҷотҳо ба фурӯш гузошта шудааст. Ин навиштаҷот чанд намуд ҳастанд. Албатта, ҳар кас, ки Худовандро дӯст медорад, калимаи «МошоАллоҳ»-ро интихоб мекунад,» - афзуд ӯ.
Чунин навиштаҳоро бештар дар мошинҳои ҷавонон мушоҳида кардан мумкин аст. Ва мусоҳибони дигари мо ҳам бар ин андешаанд, ки дар ин авохир теъдоди ҷавонони мазҳабӣ дар ҷомеа нисбатан бештар шудааст ва ин навиштаҳо дар мошини онҳо шиори иҷтимоии онҳост.
Фарҳод Ҳабибов, ронандаи дигар мегӯяд: «Ҳастанд нафароне ки дар ҳақиқат аз рӯи дӯстдориву эътиқод ба Ислом чунин корҳоро мекунанд. Аммо дар ин баробар афроде, ки бо ҳамин роҳ худро таблиғ мекунанд, кам нестанд. Боз навиштаҷотҳое бо ҳарфҳои англисӣ нофаҳморо ҳам дар мошини ҷавонон мебинем, мумкин ин як муд бошад».
Аммо Фирӯз, ҷавони дигар, ки мегӯяд, ҳангоми харидани мошинаш чунин як навиштаро, ки дар он насб шуда буд, тоза кардааст. Вай гуфт, дар баробари он ки чунин лавҳаҳо миёни ҷавонон муд шудааст, насби онҳо дар мошин кори хубе нест: «Моя жизнь, мои правила», ин чӣ маънӣ дорад, ки дар мошинҳо мебинем? Дар мошине, ки ман нишаста бошаму қоидаи ман дар мошин навишта шудаасту дар амал иҷро нашуда, ба ҳаёти дигарҳо халал расонем, ягон фоида надорад. Баъд вақте ки чунин навиштаҷотро дар мошин мечаспонед, чанд нағмаи дигар дорад, ин як кори беҳуда аст,» - гуфт вай.
Ронандаҳое, ки дар мошинҳои худ чунин навиштаҳоро насб кардаанд, мегӯянд, ҳама гуна лавҳаро вобаста ба таваҷҷӯҳ ва дархости худ метавон фармоиш дод. Як тоҷире ки ба фурӯши чунин лавҳаҳо машғул аст, бидуни зикри номи худ гуфт, дар ҳоли ҳозир харидорони навиштаҷоти «МошоАллоҳ» бештаранд. Ин тоҷир ҳамчунин илова кард, ки нархи як лавҳа 10 сомонист ва якҷо бо харҷи насбаш 25 сомонӣ мешавад.
Афзоиши лавҳа ва навиштаҳои дорои тобиши динӣ дар васоили нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки бино бар қоидаҳои мавҷуда, насби навиштаҳое, ки метавонанд таваҷҷуҳи ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракатро ба дигар тараф баранд, манъ мебошад.