Интихобот-2013

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи 6-уми ноябр дар Тоҷикистон интихоботи раёсат ҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Овоздиҳӣ дар 68 ҳавзаву 3155 қитъаи интихоботӣ аз соати шаши субҳ то ҳашти шом сурат мегирад. Ба ҳисоби КМИРТ, ҷараёни интихоботи имсолаи президентии Тоҷикистонро ҳудуди 500 нозири хориҷӣ, аз ҷумла 165 нозири САҲА, 150 нозир аз кишварҳои муштаракулманофеъ(СНГ) ва намояндагони 80 расонаи байналмилалӣ назорат хоҳанд кард.