Шаби гузашта аз Амрикову Ҷопон то Тоҷикистон мардум иди Ҳеллуин (Halloween)-ро таҷлил карданд.
Дар Тоҷикистон ба таҷлили ин иди ғарбӣ ҳанӯз чаҳор рӯз пеш шурӯъ карданд ва сарфи назар аз боздошти якчанд ҷавон дар ҷараёни таҷлили ин ид дар соли гузаштаи 2012, имсол низ даҳҳо нафар дар шакли деву париву албастӣ дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт ҷамъ омаданд. Ҷавонони Қирғизистон шаби ид бо пироҳанҳои ҳеллуинӣ ва ниқобҳои даҳшатнок дар тарабхонаҳо ва бошгоҳҳои шабона гирди ҳам омаданд. Аммо ҳадди аққал дар як вилояти Русия ин ид мамнӯъ эълон шуд.
Ба иттилои бахши русии Радиои Озодӣ, вазорати маорифи вилояти Омск ба мактабҳо дастур дод, ки ин идро баргузор накунанд. Гуфта мешавад, ки дар ин карнавал масъулини маориф нишонае аз ифротгароиро ошкор кардаанд. Дастур дар бораи худдорӣ аз баргузории Ҳеллуин бо тавсияи созмони “Ҷаласаи волидайни Омск” содир шудааст. Раиси ин созмон Олга Соколова мутмаин аст, ки Ҳеллуин метавонад ба афзоиши худкушӣ миёни толибилмон мусоидат намояд. “Мо пажӯҳишҳои зиёди мутахассисон ва равоншиносони аршадро дастрас кардем ва муқаррар намудем, ки ин ид аввалан ба раванди таҳсил халал ворид мекунад, сониян ба рӯҳу равони кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳар кӯдак табӯ ё тарс аз чизеро эҳсос мекунад, аммо ин ид тарсро аз байн мебарад ва ғайр аз ин барои кӯдакон мафҳумҳои неку бад боқӣ намемонанд.
...Ҳеллуин аз анъанаҳои келтҳо, мардуми қадимаи ҷанговари аврупоӣ, ки дар Ирландия ва Шотландия ба сар мебурданд, сарчашма мегирад ва ҳамасола 31 октябр, дар арафаи Рӯзи Авлиё таҷлил мешавад. Ҳеллуин, ки қаблан дар кишварҳои инглисзабон таҷлил мешуд, аз охирҳои қарни гузашта дар Аврупо ва қаламрави шӯравии собиқ ҳам маъмул шудааст. Ба ин ид дар Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Австралия, Зеланияи нав ва бархе ҷазираҳои Океания низ арҷ мегузоранд. Шаби Ҳеллуин ҳаводорони ид либоси аҷоибулғароиб ба тан ва ниқобҳои даҳшатнок, аз ҷумла, ниқоби Иблис, Дракула, Франкенштейн ва дигар қаҳрамонҳои манфиро ба рӯй карда. аз манзил ба манзиле мераванд ва хостори ширинӣ мешаванд. Дар ивази ширинӣ онҳо ваъдаи дуо барои гузаштагони хонаводаро мекунанд.
Аввалин либосҳои карнавалӣ дар Ҳеллуин соли 1895 дар Шотландия пайдо шудаанд. Рамзи асосии Ҳеллуин – “чароғаки Ҷек”, кадуест, ки дохилашро тоза карда, аз як тарафаш чашму даҳан сохта онро ба як “каллаи хандон” табдил намудаанд. Таври маъмул дохили каду шамъ фурӯзон карда мешавад. Бар пояи ривоятҳо, агар “Чароғи Ҷек”-ро рӯзи ҳама афроди муқаддас дар назди хона гузоранд, аз вуруди ҷинҳо ҷилавгирӣ мешавад.
Ҳеллуин чун дигар идҳо таронаҳои маъруфи худро дорад. Гуфта мешавад, таронаи “Monster Mash”-и овозхони маъруф Бобби Пикэтт ба гимни ин ид табдил шудааст. Таронаи “This is Halloween”, ки онро Дэннӣ Элфман барои филми тасвирии “Ваҳшат пеш аз Мавлуд” навиштааст, низ хело машҳур аст ва онро чандин овозхонҳои амрикоиву ҷопонӣ иҷро кардаанд.
Ҳеллуин баъд аз Рӯзи Валентини Муқаддас дуввумин иди ғарбист, ки солҳои ахир вориди ҷомеаи Тоҷикистон шудааст. Ва аммо онро бо қиёс аз Рӯзи Валентини Муқаддас, ки ҳатто то ба деҳаҳои дурдаст роҳ ёфтааст, фақат теъдоди на он қадар зиёди ҷавонони пойтахт таҷлил мекунанд. Имсол таҷлили Ҳеллуин дар Душанбе рӯзи 26 октябр аз маҳфил дар тарабхонаи “Манҳеттен” шурӯъ шуд ва тавре Манучеҳр, як донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ, дар сӯҳбати бидуни микрофон ба мо гуфт, дар он 90-100 нафар ширкат доштанд. Ҳамаи ҷавонон либоси ҳеллуинӣ дар тан доштанд ва ба рӯй ниқоб кашида ё чеҳраи худро шабеҳи қаҳрамонҳои филми "даҳшатнок" ранг карда буданд.
Манучеҳр мегӯяд, ҳоло дар Душанбе пайдо кардани пироҳанҳои “ҳелуинӣ” осон нест ва тавре ба чашм мерасид, фақат як гурӯҳи хурд, аз ҷумла, худи ӯ, пироҳанҳоро аз кишварҳои аврупоӣ харида буданд, пироҳанҳои дигарон “худдӯз” буд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҷавонон асосан обҷав ва шарбат менӯшиданд ва рақс мекарданд – анъанаи хона ба хона гашта ширинӣ хостан дар Душанбе ҳоло маъмулӣ нашудааст. Ва гумон аст, ки солҳои наздик маъмулӣ шавад, меафзояд Манучеҳр, зеро дар шаҳр ҷавонони ифротгарову зидди фарҳанги ғарбӣ хело зиёданд ва аҷаб нест, ки таҷлили Ҳеллуин боиси бархӯрд бо онҳо шавад. Манучеҳр мегӯяд, баъзе дӯстонашро баъд анҷоми маҳфили Ҳеллуин дар “Манҳеттен” нозирони роҳ боздошт карда ба шӯъбаи милиса бурдаанд ва баъди “панду насиҳат дар бораи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ” раҳо намуданд.
Муҳаммадшариф Набизода, як рӯҳонии шинохтаи тоҷик, Ҳеллуинро барои фарҳанги тоҷикон “бегона” мехонад. Аз нигоҳи ӯ, вақте дар кишвар баргузории идҳои милливу мазҳабиро маҳдуд мекунанд, ҷойҳои онҳоро идҳое мегиранд, ки барои фарҳангу мардуми созгор нестанд. Ҳеллуин ва Рӯзи Валентини муқаддас, ба гуфтаи ӯ, талоше барои аз фарҳанги худ дур кардани ҷавонони тоҷик аст ва вақте, ки одам аз фарҳанги худ дур шуд, ром кардани ӯ осонтар мешавад.
Ҷаноби Набизода меафзояд, “мутаассифона, Шӯрои уламои Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбут ба дин дар кишвар ин таҳоҷуми фарҳангии ғарбро нодида мегиранд”. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҳамзамон дар Тоҷикистон баргузории Мавлуди Паёмади Ислом Муҳаммад (с) мамнӯъ эълон шудааст ва ҳатто дар қонуни танзим гуфта шудааст, ки Мавлуд фақат дар масҷидҳо доир карда шавад. Ҳол он ки, меафзояд ӯ, касе аз таҷлили зодрӯзи Ленин аз сӯи коммунистҳо ҷилавгирӣ намекунад.
Зимнан, муфтии Маскав ва манотиқи марказии Русия Албир Курганов дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА Новости Ҳеллуинро “амали назди Худованд зишт” номидааст. “Аслан афроди тақводор ва афроди бофарҳанг нисбати ин ид бетафовутанд ва ба он ҳатто нигаҳи манфӣ доранд, зеро вақте одамон пироҳанҳои ҷину шайтонро ба бар мекунанд чизе монанд ба парастиши Иблис мушоҳида мешавад. Аз нигоҳи ӯ, калисои православӣ ё ортодокси рус ва дини яҳудӣ низ ба ҳамин назар аст.
Вале Фаридун Ҳодизода, раиси Академияи муколамаи байни мазҳабҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки дар фарҳанги Ғарбу Шарқ ҳамеша карнавал мавҷуд буд, ҳарчанд рӯҳониён ба он мухолифат мекарданд. Ҳеллуин ҳам, аз нигоҳи ӯ, як карнавал ва як иди беозор аст, ки дар он ҷавонон вақти худро хуш мегузаронанд. Фаридун Ҳодизода, Рӯзи Валентини муқаддасро намуна меоварад, ки ба шӯҳрати ҷаҳонии яке аз нобиғаҳои шеъри Аҷам Ҷалолиддини Румӣ афзуд, зеро ошиқон дар номаҳои худ аз абёти ӯ фаровон истифода мекарданд. “Агар ид фарҳангро ғанитар ва фарҳангҳои гуногунро ба ҳам наздиктар мекунад, ҳамдигарфаҳмӣ, муколамаро ба миён меорад, ин чӣ бадӣ дорад?”, суол мекунад ӯ.