КМИР варақаҳои раъйдиҳиро ба ҳавзаҳо фиристод

Варақаҳои раъй барои интихоботи президентии Тоҷикистон дар чопхонаи ҳукуматии «Шарқи озод» ба нашр расидаанд. Дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 31-уми октябр ба адиои Озодӣ гуфт, ки беш аз 4 миллион варақаҳои овоздиҳӣ дар нашриёти «Шарқи озод» ба чоп расидаанд ва ба ҳавзаҳои интихоботии шаҳру вилоятҳо фиристода шудаанд. Шумораи дақиқи варақаҳои овоздиҳӣ ба 4 миллиону 34 ҳазор нусха баробар буда, бахши аъзами он ба забони тоҷикӣ, русӣ ва узбакию қирғизӣ нашр шудаанд. Дар варақаҳои раъйдиҳӣ ному насаби 6 номзад аз рӯи алифбо оварда шудааст ва интихобкунанда метавонад исми 5 номзади дигарро хат бизанад ва номзади мунтахаби худро гузоранд. Ба иттилои КМИР дар соли равон аҳолии қобили раъйи Тоҷикистон ба беш аз 4 миллион нафар баробар мебошад. Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад ва барои ширкат дар он шаш номзад сабти ном шудаанд.