Маскав ба Киев барои қарзи пули газ фишор меорад

Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия аз Украина хостааст, ки агар қарзҳои худро барои газ пардохт накунад, бояд дар оянда барои гирифтани газ пули онро пешпардохт кунад. Ин суханони Медведев дар ҳоле садо дод, ки пештар Алексей Миллер-раиси “Газпром”-и Русия гуфт, ки Украина натавонистааст 882 миллион доллар қарзи худро барои газ то аввали моҳи октябр ба Русия пардохт кунад. Ин қарзҳо барои газест, ки Украина моҳи август гирифта буд.

Изҳороти Медведев ҳамчун талоши фишори Русия ба Украина арзёбӣ мешавад, зеро Украина мехоҳад моҳи оянда дар Вилнюс бо Иттиҳодияи Аврупо Қарордоди ҳамкорӣ ва тиҷорати озод имзо кунад.

Маскав Киевро аз муддатҳо қабл маҷбур мекунад, ки аз ин қарордоди Иттиҳодияи Аврупо даст кашад ва ба Иттиҳоди Гумрукии Русия, Беларусси ва Қазоқистон дарояд.