Масъулони идораи зиндонҳои Тоҷикистон бори дигар ба вуҷуд надоштани мавориди шиканҷа дар зиндонҳои кишвар таъкид карданд.
Илҳом Маҳмудов, муовини cардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар як суҳбати ихтисосӣ, қазияи ду зиндонӣ - Садридин Тошев ва Суннатулло Ризоевро, ки ахиран аз 7 то 9 соли ҳабси иловагӣ гирифтанд, шарҳ дод. Ин ду зиндонӣ барои паҳн кардани навори шиканҷаи маҳбусон муттаҳам дониста мешаванд. Қазияи ин ду зиндонӣ миёни ҷомеа сару садоеро ба вуҷуд овард ва суоли нахуст низ аз Илҳом Маҳмудов ин буд, ки магар ошкор кардани вуҷуди шиканҷа дар зиндон ҷиноят аст?
Илҳом Маҳмудов: Чун қазияи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев дар мадди назари ҷомеа зиёд қарор гирифт, созмонҳои байналмиллалӣ низ дар гузоришҳои худ гуфтанд, ки онҳо барои ба берун баровардани наворҳои шиканҷа аз маҳбасхонаҳо дуюмбора маҳкум шуданд. Дар ин ҷо гап сари на шиканҷа меравад ва на нишондоди он. Маҳкумшудаҳо сари вақт ба дигар муасисаи ислоҳотӣ интиқол дода шуданд. Аммо Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев мутобиқ ба моддаҳои 332, 346-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозад, мутаҳам шуда, маротибаи охир бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ба муҳлати 11 сол маҳкум шудаанд. Онҳо дидаву дониста хабари бардурӯғ паҳн кардаанд. Наворҳое, ки онҳо аз зиндон ба берун бароварданд сохта буданд. Онҳо барои ташкил намудани ҳангома ва бад нишон додани кори мо ба ин амал даст заданд. Дар рафти тафтишоти парвандаҳои Тошев ва Ризоев мо умуман дахолат накардаем. Тафтишот аз ҷониби прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд гузаронида шуд. Ва суди Хуҷанд ҳам парвандаро аз рӯй тафтишоти прокуратураи назоратӣ баррасӣ карда, ҳукм баровард.
Озодӣ: Яъне ба берун баровардани навор аз дохили муассисаҳои ислоҳотӣ мамнуъ аст?
Илҳом Маҳмудов: Он чӣ қонун муайян кардааст, бояд риоя шавад. Бинобар ин мо ҳаққи ба тафтишот дахолат кардан ва ба ҷой онҳо гап заданро надорем. Инро суд ва мақомоти тафтишотӣ аниқ мекунад. Муфаттишон тафтиш карда, ҳама айбҳои Тошев ва Ризоев тасдиқи худро ёфтанд. Шоҳидон ҳам буданд.
Озодӣ: Cадриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев қаблан бо кадом ҷурм маҳкум шуда буданд?
Илҳом Маҳмудов: Садриддин Тошев бо ҳукми суди олии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2002 бар пояии як қатор бандҳои кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо ҷурми қатл, одамрабоӣ, авбошӣ ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд. Суннатулло Ризоев бошад мутобиқ ба моддаи 110 қисми 3- ҷурми авбошӣ 13 ҳукми зиндон гирифта буд.
Озодӣ: Вақте дар яке аз калисоҳои Русия аъзои як гурӯҳи ҳунарӣ урён рақсида буданд, яке аз онҳо зиндонӣ шуд. Вай гуфт дар зиндон шиканҷа аст. Ҳукумат комиссия ташкил карда маҳбасхонаро санҷиданд ва мавҷудияти шиканҷа тасдиқи худро ёфт. Баъди тафтиши комиссия ҳукумати Русия он духтарро ба зиндони дигар гузаронд ва гуфтанд, ки бояд система зиндон иваз шавад. Аммо дар Тоҷикистон зоҳиран бархӯрд баръакс аст. Чаро мушкили шиканҷа дар Тоҷикистон бо роҳи хоси як давлати мутамадин ҳал намешавад?
Илҳом Маҳмудов: Тамоми кормандони мо кори худро аз рӯй қонун ба роҳ мондаанд. Охир мо ҳам инсон ҳастем. Мо ҳам падару модар, фарзанду бародар дорем. Чаро бояд ба маҳкумшудаҳо шиканҷа мекардаем? Ҳар нафаре, ки бо маҳбусон муносибати бад мекунад, аз рӯй қонун ҷазо мегиранд. Кӣ мехоҳад, як нафарро лату кӯб кунад? Гӯё, ки мо барои ошкор кардани шиканҷа ҷазо тайин мекарда бошем, дурӯғ аст. Раҳбарияти мо пуштибони намекунад аз он корманде, ки маҳбусонро шиканҷа мекунад. Охир вазифи мо танҳо нигоҳ доштани маҳбусон аст. На тафтишоти парванда ба мо дахл дорад, на категорияи ҷиноят. Суд ҳукм, ки баровард, маҳкумшуда ба муассисаҳои мо оварда нигоҳ дошта мешавад. Агар мо мантиқан фикр кунем, чӣ маънӣ дорад, ки кормандони мо бо маҳбусон муносибати бад дошта бошанд? Ягон зарурат намебинам. Наздики 8 ҳазор маҳбус аст. Чаро ягон нафари дигар шикоят намекунаду аз рӯй танҳо Тошев ва Ризоев хулоса мебарорем, ки дар тамоми маҳбасхонаҳои мо шиканҷа ҷо дорад? Мо на нисбати Тошев ягон ғараз дорем ва на нисбати Ризоеваш. Баръакс, Худо мегӯем, муҳлати ҷазои онҳо тезтар тамом шаваду ба хонаҳошон раванд.
Озодӣ: Бисёри коршиносони бар ин ақидаанд, ки эътирофи як қазияи шиканҷа дар маҳбас аз тарафи идораи шумо метавонад ба ошкор шудани қазияҳои дигар роҳ кушояд ва ҳамин тавр зиндониҳоро ба ошкоргӯӣ ҷасур кунад ва ҳатто ба ошӯб расонад, яъне эффекти «домино»-ро ба вуҷуд биёрад ва дурустии фаъолияти Шуморо зери суол бубарад. Ин ақида то куҷо дуруст аст?
Илҳом Маҳмудов: Ин гапҳо ягон асос надорад. Ва ба чунин ақида мо розӣ шуда наметавонем. Албатта маҳбасхона ҷой таъриф надорад, аммо шароитҳои зиндонҳо бад нест. Баръакс, барои беҳ кардани шароити зиндонҳо муассисаҳои нав сохта истодаем.
Озодӣ: Шумо мегӯед шиканҷа нест, ҷомеа беҳуда нигарон аст. Агар ин тавр бошад, пас чаро барои исботи дурустии сухани худ ба Созмони байналмиллалӣ Салиби Сурх, ки солҳост мехоҳад ба зиндонҳои кишвар роҳ ёбад иҷозат намедиҳед, ки аз зиндонҳо дидан кунад? Магар ин ба манфиати кори шумо нест?
Илҳом Маҳмудов: Мо бо Салиби Сурх чандин маротиба мулоқот гузаронидаем. То ҳол боре нашудааст ягон муроҷиати онҳо бепосух монда бошад. Ба ҳама суолҳояшон посух додаем. Дар баъзе масъалаҳо, ки мо гуфтугӯ доштем ҳоло мавриди баррасӣ қарор доранд. Худо хоҳад пас аз интихобот онҳоро баррасӣ мекунем.
Озодӣ: Дар бештари сохторҳо ба қавле ислоҳот рафта истодааст. Шумо барои дигар кардани сохтори соҳаи идораи маҳабасҳо заруратро мебинед?
Илҳом Маҳмудов: Дуруст аст, ки ҳар ҷое кор ҳаст, он ҷо камбудӣ ҳам дида мешавад. Бинобар ин сарраёсати мо низ ислоҳот ворид карда истодааст ба ин система, аммо мо ҳоло дар бораи онҳо чизе гуфта наметавонем. Барои мисол, ҳадаф аз ворид кардани иловаҳо ба кодекси иҷрои ҷазо низ ба хотири дигар кардани система буд. Агар солҳои пештар маҳкумшудагони якумра соле як маротиба мулоқот мекарданду ду маротиба дастовез мегирифтанд, ҳоло бошад онҳо соле ду маротиба иҷозаи мулоқот ва чор маротиба ҳақи гирифтани дастовезро доранд. Роҳбарият ҳам барои беҳ кардани самти кориямон ҳар рӯз супоришҳои махсус медиҳанд ва гузориш ҳам талаб мекунанд.
Озодӣ: Ахиран падару модари як зиндонии дигар- аз маҳбаси «Кирпичный» Муҳаммадиқбол Зоҳидов ба раиси ҷумҳур шикоят бурданд ва гуфтанд, ки фарзанди онҳо дар ин муассисаи ислоҳотӣ шадидан латту кӯб шудааст. Мақомоти зиндон ба ин падару модар гуфтаанд, ки фарзанди онҳо дар пайи ҷанҷоли байни маҳбусҳо захмӣ шудааст. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?
Илҳом Маҳмудов: Муҳаммадиқбол Зоҳидов дар муассисаи 3/2 -и шаҳри Ваҳдат адои ҷазо дорад. Рӯзи ҷумъа бо падараш мулоқоти кӯтоҳмуддат дошт. Аз ҷониби кормандони зиндон латукӯб нашудааст. Маҳмадтолиб Зоҳидов бародари Муҳаммадиқбол дар муассисаи 3-и Хуҷанд адои ҷазо менамояд, ки ӯ низ рӯзи ҷумъа бо ҳамсараш мулоқоти дарозмуддат дошт. Се шабонарӯз дар утоқҳои махсуси зиндон бо ҳам буданд. Ҳеҷ кас ӯро назадаст.