Ҳудуди 20 донишҷӯи тоҷик аз 10 донишгоҳи олии Руссия тай ду моҳ аст наметавонанд ба ин кишвар баргаштаву таҳсилашонро идома диҳанд.
Ин донишҷӯён дар соли нави таҳсил баробари ворид шудан ба ҳудуди Руссия аз ин кишвар хориҷ карда шуданд. Сабаб ҳам риоя нашудани қоидаи будубош дар Руссия гуфта мешавад. Аммо худи донишҷӯён мегӯянд, асноди онҳо ҳама дуруст буд ва ягон иштибоҳе ҳам накардаанд.
Саид Ҳабибӣ яке аз ин донишҷӯёни тоҷик, ки дар бахши 1-уми Донишгоҳи электротехникии Санкт-Петербург таҳсил мекунад, мегӯяд, вақте пас аз таътили тобистона барои идомаи таҳсил вориди Руссия шуд, чанд корманди сохторҳои қудратӣ бидуни ягон шарҳ ӯро дубора ба Тоҷикистон баргардониданд. Ба ӯ гуфтаанд, ки сабаби бозгашташро дар ватани худ хоҳад фаҳмид: «Мо гуфтем чӣ иштибоҳе кардем, гуфтанд инро дар сафорати Руссия дар Тоҷикистон мефаҳмем. Ҳамин тавр баргаштем ва 3 панҷшанбе интизор шудем то бо консули Русия сӯҳбат кунем. Ӯ гуфт, ки ин мушкили мо нест ва бояд ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кунему онҳо бояд ин мушкилро ҳал кунанд.»
Дар пайи муроҷиати ин донишҷӯён дар моҳи сентябр, Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ, бо як мактуби расмӣ ба роҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромадановский муроҷиат намудааст, ки ба донишҷўёни тоҷик иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави Россияро диҳанд, то донишҷӯёни мазкур тавонанд таҳсили худро идома диҳанд. Ҳоло масъулину донишҷӯёни тоҷик интизори посухи ҷониби Руссия ҳастанд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, иллати баргардонидани ҷавонон сари вақт дуруст накардани ҳуҷҷатҳои будубоши онҳо дар кишвар унвон мешавад.
Аммо Саид ҳабибӣ яке аз ин донишҷӯёни ихроҷшуда аз Руссия мегӯяд, то ҳол сабаби бозгардониданашро ба Тоҷикистон намефаҳмад. Ба иддаои ӯ, ҳама аснодаш барои будубош ва ворид шудан ба Руссия дуруст буд: «Мо рост ба дарс омадаву рост хона мерафтем, ягон гуноҳ ё иштибоҳе накардаем. Як нафар аз тарафи ФМС-и Тоҷикистон гуфт шиносномаро копия карда панҷ сарҳадро дар Руссия гузаронида бинем, ки чӣ қоидавайронкунӣ шудааст. Ҳамин тавр ҳам кардем, аз панҷ сарҳад гузарониданд, ягон иштибоҳ мушоҳида нашуд. Мегӯянд агар симкорти телефон 2 рубл қарздор бошад, мегардонанд аз фурӯгоҳ, вале телефонии ман аслан қарздор ҳам набуд. Фикр мекунам ин ҷо ягон сабаби дигар ҳаст.»
Саид Ҳабабӣ мегӯяд, донишҷӯёни ихроҷшуда аз 10 донишгоҳи Руссия аксарият аз роҳи давлат дар Русия таҳсил доштаву гирандаи стипендияи президентӣ Тоҷикистон «Дурахшандагон» будаанд. Худи Саид ҳам яке аз гирандагони стипендияи президентӣ будааст.
Аммо бино ба иттилои масъулини вазорати моарифи кишвар ин ҳодисаи маъмулӣ аст ва ҳар сол чунин мушкилот дар сафару таҳсили ҷавонони тоҷик дар Русия мушоҳида мешавад. Бино ба иттилои вазорати моариф, имрӯз беш аз 3 ҳазор ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои мухталифи Руссия таҳсили илм доранд. Ин муҳассилин аз рӯи 400 ришта аз ҷумла дар соҳоти иқтисоду ҳуқуқшиносӣ, нанотехнологӣ таҳсил мекунанд.
Аммо Алидод Расулов, масъули бахши равобити байналмилаллӣ дар вазорати маориф мегӯяд, донишҷӯён аз донишгоҳ не, аз фурудгоҳ ихроҷ карда шудаанд, бинобарин ин мушкили вазорати маориф нест: «Ба мо касе ҳам муроҷиат накардааст. Агар ин масъала масъалаи таҳсилоту хондан мебуд мо метавонистем кӯмак кунем, аммо ин масъала ба вазорати корҳои хориҷӣ ва хадамоти муҳоҷират марбут аст.»
Гуфта мешавад, масъалаи аз Русия ихроҷ шудани донишҷӯёни тоҷик ахиран дар мулоқоти Абдураҳим Қаҳҳоров дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар Маскав бо намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Cафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ҳам, ки имрӯз, 28-уми октябр ба Маскав сафар кард, қарор аст бо Хадамоти муҳоҷирати Русия сарнавишти донишҷӯёни тоҷикродар миён гузорад. Аммо ҳоло донишҷӯёни ихроҷшудаи тоҷик аз Руссия, ки қариб 2 моҳ аст аз таҳсил дуранд, ҳар рӯзи худро боумед, дар интизори як хабари хуш аз Хадамоти муҳоҷират ва посухи Маскав сипарӣ мекунанд. Посухе, ки маълум нест кай ва дар кадом шакл дода мешавад.