Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, барои маҳви хушунату зӯроварӣ алайҳи занон саъю кӯшиши бештар кунад.
Кумитаи маҳви хушунат алайҳи занон дар СММ, ки дар аввалҳои моҳи октябр иқдомоти ҳукумат барои боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва маҳви ин зуҳурот дар чанд соли гузаштаро баррасӣ кард, дар оғози ин ҳафта хулосаву тавсияҳои худро ба ҳукумати Тоҷикистон гуфт. Исмат Ҷаҳон, узви ин кумита, ки барои ошноӣ бо вазъи занон ба Душанбе ҳам рафтааст, дар ин бора бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.
Озодӣ: Шумо дар муқоиса ба чанд соли гузашта дар робита ба боло бурдани мақоми зан дар Тоҷикистон чӣ пешрафтҳоеро мушоҳида кардед?
Исмат Ҷаҳон: "Баъди гузориши пешинаи Тоҷикистон, мо чанд нукоти мусбатро зикр кардем, аз ҷумла Қонун дар бораи мубориза бо хушунати хонаводагиро, ки аввали ҳамин сол қабул шуд ва бисёр муҳим аст. Агарчӣ қонун хос барои муқобила бо хушунат алайҳи зан нест, аммо ба ҳар сурат занонро дар назар дорад. Ҳарчанд ин як гоми мусбат аст, вале мо хоста будем, ки қонуни мушаххастаре маҳз дар бораи занон қабул шавад. Ҳамчунин мо таъсиси ниҳоди омбудсмен ва ё кафили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва қабули стратегияи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа барои солҳои 2011-2015 корҳои мусбат медонем ва мо ба ҳукумат тавсия додем, ки барномаи иқдомот барои амалӣ кардани ин стратегияро қабул кунад."
Озодӣ: Дар тавсияҳои шумо барои маҳви хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон омадааст, ки дар кишвар ҳамчунон тамоюли ба истилоҳ мардсолорӣ вуҷуд дорад ва ба ҳуқуқи занон беэътиноӣ мешавад ва бояд ба ин чиз хотима дод. Чӣ гуна метавонанд ин тамоюлро аз байн баранд?
Исмат Ҷаҳон: "Мо ин мушкилро танҳо дар Тоҷикистон намебинем ва мутаасифона тақрибан дар тамоми фарҳангҳо ин чиз дида мешавад, ки баъзе аз урфу оддатҳои зиёновар дар ҷомеаҳои мардсолорӣ мустаҳкам ҷо гирифтаанд. Дигар ин ки пиндорҳои амиқ дар бораи масъулиятҳои зану мард дар хона ва ҷомеа вуҷуд дорад. Барои ҳамин Кумитаи маҳви хушанат алайҳи занон дар Созмони Милал аз Тоҷикистон хост, тадбирҳои фарогире биандешад, ки ин тамоюлро қадам ба қадам аз байн бубарад, чун ба якборагӣ нест кардани чунин қолабҳо имконнопазир аст. Ин қолабҳоро метавон бо таълим дар мактабҳо, ба воситаи матбуот ва омӯзиш додани пешвоёни маҳалҳо, омӯзгорон, донишҷӯён, мақомоти интизомӣ аз байн бурд. Мо ҳамчунин тавсияҳои хубе додем, ки занҳо битавонанд, нотарсида, фикри худро доир ба ҳамаи бахшҳои зиндагӣ баён кунанд."
Озодӣ: Дар нишасти Женева гуфта, шуд, бо вуҷуди онки ҳузури занони тоҷик дар сохторҳои давлатӣ 5 дар сад зиёд шудааст, аммо бо вуҷуди ин онҳо ба қадри кофӣ дар сохторҳои давлатӣ намояндагӣ надоранд. Тавсияҳое шумо ба ҳукумат дар ин замина чӣ ҳаст?
Исмат Ҷаҳон: "Агар шумо бидонед, дар Паймони маҳви хушунат алайҳи занон як банде ҳаст, ки барои боло бурдани мақоми зан, андешидани чораҳои муваққатӣ ва махсусро пешбинӣ мекунад, ки фаразан баробарии зану мардро фароҳам кунад. Дар робита ба ҳузури занон дар ҳаёти сиёсиву ҷомеа мо мебинем, ки теъдоди онҳо дар ҳарду палатаи порлумони Тоҷикистон бисёр кам аст. Кори зиёде ҳам накардаанд, то ҳизбҳои сиёсиро ташвиқ намоянд, ки занҳоро ба ҳайси номзад ба мақоми вакилӣ пешниҳод намоянд. Аз ин рӯ мо ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додем, ки бо андешидани чорабиниҳои муваққатӣ ва махсус, ҳизбҳои сиёсиро барои ҷалби бештари занон ташвиқ намояд ва ё занҳоро омӯзиш диҳад, ки номзади беҳтар шаванд. Ва бояд тазмин диҳанд, ки занҳо дар сатҳи ниҳодҳои тасмимгир ва сиёсатгузор ҳузури баробар дошта бошанд ва на фақат аз назари теъдод, балки тазмин диҳанд, ки онҳо дар қабули қарор ва амалӣ кардани сиёсатҳо ҳузури баробар дошта бошанд."
Озодӣ: Масъалаи ибодати занон дар масҷид ва ҳам бисёрзанӣ масъалаҳои дигаре, ки Созмони Милал бо намояндагони Тоҷикистон матраҳ кард. Дар ин замина шарҳи бештар медодед?
Исмат Ҷаҳон: "Мо зикр кардем, ки дар Тоҷикистон Шӯрои уламо фатво додааст, ки занҳо дар масҷид ибодат накунанд, аммо ба андешаи мо, ин як нақзи ҳуқуқи занон ба озодии эътиқоду мазҳаб аст. Аз ин рӯ мо аз ҳукумат хостем, ки ба ин масъала расидагӣ кунад. Шумо дар бораи масъалаи бисёрзанӣ суол кардед. Дар Тоҷикистон бисёрзанӣ бар асоси қонун мамнӯъ аст, вале амалан бисёрзанӣ мушоҳида мешавад. Яъне танҳо никоҳ мекунанд ва ақди никоҳи онҳо сабти расмӣ намешавад. Ингуна занҳо ва фарзандони онҳо аз тарафи қонун ҳимоят намешаванд ва дар сурати масалан талоқ ҳуқуқи гирифтани кӯмакҳои молӣ ва ҳаққи қонунии худро надоранд. Аз ин рӯ ин масъала ҳам мояи нигаронии амиқ аст ва мо ба ҳукумат тавсия додем, ки ин қонунро дар амал татбиқ кунад."
Озодӣ: Кумитаи Созмони Милал масъалаи танфурӯшӣ дар миёни занон ва қочоқи онҳоро низ бо намояндагони Тоҷикистон баррасӣ кард ва албатта тавсияҳое низ дар ин замина додааст?
Исмат Ҷаҳон: "Мо масъалаи танфӯрушии занҳоро умдатан тавъам бо масъалаи қочоқи занон баррасӣ мекунем. Чун духтароне, ки ба хориҷ қочоқ мешаванд, хатари ба танфурӯшӣ маҷбур кардани онҳо зиёд аст. Мо мебинем, ки дар Тоҷикистон занҳое, ки танфурӯшӣ мекунанд ҷазо мегиранд, аммо ба мизоҷони онҳо ҳеҷ гуна ҷазо намедиҳанд. Возеҳ аст, шояд баъзе аз заноне, ки ба танфурӯшӣ маҷбур карда шудаанд, бар изофаи ин ҷазо мегиранд. Мо аз ҳукумат хостем ба заминаҳои ин масъала расидагӣ кунад, зеро баъзан занҳо аз ноилоҷӣ аз камбизоатӣ танфурӯшӣ мекунанд, ё кори дигаре барои зиндагӣ намеёбанд. Бояд қонун бознигарӣ шавад, ки занҳоро барои танфурӯшӣ ҷазо надиҳанд. Аз тарафи дигар талабот ба танфурӯшҳоро кам кунанд, мисли онки дар баъзе аз кишварҳо кардаанд, яъне онҳоеро, ки дар ивази иртиботи ҷинсӣ пул мепардозанд, ҷазо медиҳанд. Яъне набояд занҳо ҷазо бинанд ва дигар ин ки решаҳои ин зуҳуротро бояд аз байн баранд. Ва ба занҳое, ки мехоҳанд, аз ин роҳ баргарданд, дар ёфтани кори дигар ва бозгашт ба зиндагии маъмулӣ кӯмак кунанд."