Қарор аст, то чанд соати дигар барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисодро эълон кунанд. Иқтисоддонҳои амрикоӣ Роберто Барро аз Донишгоҳи Ҳарвард ва Пол Ромер аз Донишгоҳи Ню Йоркро ду номзади шоиста ба ин ҷоиза медонанд. Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисодро соли 1969 Бонки Марказии Шветсия таъсис додааст ва то кунун онро 71 иқтисоддон аз кишварҳои гуногуни дунё соҳиб шудаанд. Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод пас аз эълони тамоми барандагони дигар ҷоизаҳо эълон мекунанд.