Ҷозеф Мускат, нахуствазири Малта, изҳор намуд, ки “соҳилҳои наздик ба Африқои Иттиҳодияи Аврупо ба гӯристон табдил мешаванд”, аз ин рӯ қавонини муҳоҷират бояд ба таври оҷил тағйир дода шаванд. Ӯ гуфт, “бояд чӣ теъдод одамони дигар дар баҳр ба ҳалокат бирасанд, то чорае андешида шавад. Қонунҳоро бояд тағйир дод – онҳо бояд ё нармтар ё шадидтар шаванд, зеро низомии феълии муҳоҷират кор намекунад”.
Изҳороти Ҷозеф Мускат баъд аз хабари ғарқ шудани боз як киштӣ бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар соҳилҳои ҷазираи Лампедузаи Италия нашр шуд. Бар асари ин ҳодиса, ки рӯзи ҷумъа рӯй дод, 27 нафар ба ҳалокат расиданд, 203 нафар наҷот ёфтанд.
Ин дуввумин ҳодисаи ғарқ шудани киштӣ бо муҳоҷирони африқоӣ дар соҳилҳои Лампедуза дар рӯзҳои ахир аст. 3 октябр ҳам як киштӣ зери об рафт, ки бар асари он 311 сокини Эритрея ва Сомалӣ ҷон бохтанд. Фақат ба 155 кас муяссар шуд,ки аз ин фоҷиа ҷон ба саломат баранд.