Нахустин мурофиаи парвандаи баҳси ҲНИТ бо се шабакаи телевизиони давлатии Тоҷикистон дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ имрӯз, 8-уми октябр нахустин мурофиаи парвандаи баҳси ҲНИТ бо се шабакаи ТВ-давлатиро баррасӣ карда, ба намояндагони Кумитаи радиои ва телевизиони Тоҷикистон то 14-уми октябр муҳлат дод, ки фикру назари худро дар робита ба аризаи ҲНИТ пешниҳод кунанд.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ҲНИТ рӯзи 8-уми октябр пас аз анҷоми мурофиа ба радиои Озодӣ гуфт, ки Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мурофиаи Ҳизби наҳзати исломӣ бо «Шабакаи аввал»», Сафина» ва «Ҷаҳоннамо»-ро баргузор кард, ки таҳти раёсати муовини раиси додгоҳ Ҳафиз Темиров сурат гирифт.
Ҳуқуқшиноси Кумитаи давлатии радио ва телевизони Тоҷикистон дар ин мурофиа гуфтааст, ки бо даъвоҳои Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамаҷониба шинос нест ва аз ин рӯ аз додгоҳ мӯҳлат хост, ки барои ошнои бо он, мӯҳлат диҳад.
Ба қавли Бузургмеҳр Ёров, дар аризаи ҲНИТ фактҳои зиёд дар робита ба таҳқиру бадномсозиҳои ҳизб дар барномаҳои шабакаҳои ТВ-и давлатӣ истифода шудааст. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ бо назардошти ин, ба намояндаи Кумитаи телевизион ва радио як ҳафта муҳлат дод, ки бо ҳамаи нуктаҳои факту делеҳои ҲНИТ ошно шавад. Ҳамин тавр нахустин баҳси додгоҳии ҲНИТ бо шабакаҳои телевизиони давлатӣ то аввали ҳафтаи дигар мавқуф гузошта шуд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар авоили моҳи сентябр ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат намуда хоҳиш карда буд, ки шабакаҳои телевизиони давлат туҳмату буҳтон ва бадномсозиҳои ҲНИТ-ро хотима диҳанд ва расман узр пурсанд.
Қаблан 5 августи сол равон бо имзои муовини аввали раиси Кумитаи телевизон ва радио Саидалӣ Сиддиқ ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ нома расида буд, ки дар он гуфта мешавад, ки шабакаҳои телевизионӣ ӯҳдадор нестанд, ки раддияи тарафи дигарро нашр кунанд: «Шабакаҳои давлатии телевизион ва радио зимни пахши ин хабару гузоришҳо назари шахсии худро дар бораи ҲНИТ иброз надоштаанд ва ӯҳдадор нестанд, ки вобаста ба андешаю мулоҳизаи иштирокчиёни даҳҳо ҷамъомад, ки ҳар рӯз вобаста ба самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баргузор карда мешаванд, раддияи тарафи дигарро низ ба барномаҳо ҷой диҳанд.»
ҲНИТ рӯзи 31 август расман аз ин кумита хоста буд, то дар баробари «ҳамла»-ҳое, ки аз тариқи телевизионҳои давлатӣ алайҳи ҳизб мешаванд, ба онҳо низ имкон бидиҳанд, ки мавқеъи худро баён кунанд. Аммо Кумитаи телевизион ва радио гуфтааст, муваззаф нест, ки барои пахши чунин раддияҳо вақт ҷудо кунад.
Аммо дар нома ҳамчунин гуфта мешавад, ки кумитаи телевизион ва радио «бо ҳамаи ҳизбу созмонҳое, ки фаъолияташон расман, дар доираи қонун ва бо назардошти манфиатҳои миллию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, ҳамкорӣ карда, дастрасии онҳоро ба шабакаҳои давлатии телевизион ва радио ба сурати баробар таъмин менамояд.»
Вале намояндагони аҳзоби мухолиф мегӯянд, ба ҷуз аз фурсатҳои кӯтоҳе, ки тибқи қонун, дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ барояшон ҷудо мешавад, дигар минбари телевизионҳои давлатӣ ба рӯи онҳо комилан баста аст. Ҳарчанд чорабиниҳои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва тарафдоронаш ба таври пайваста аз шабакаҳои давлатӣ таблиғ мешавад.