Владимир Кличко унвонҳои ҷаҳонии худро ҳифз кард

Владимир Кличко ва Александр Поветкин ҳангоми баркашидани вазнҳои худ

Владимир Кличко рӯзи шанбе Александр Поветкин-муштзани Русияро шикаст дод ва унвони қаҳрамони мутлақи ҷаҳонро дар се федератсия ҳифз кард. Кличко-варзишгари 37 солаи Украина бо бартарии комил дар муҷтамаи варзишии Олимпии Русия дар Маскав бар Поветкин пируз шуд. Кличко 61-умин пирузии худро ба даст овард. Вай дар маҷмуъ дар бокси касбӣ 64 бозӣ анҷом додааст.

Поветкин-рақиби вай дар ҳузури 14 ҳазор мухлис дар 27-ӯмин бозӣ бори аввал ба бохт рӯ ба рӯ шуд. Дар ин бозӣ ҳамчунин вай бори аввал дар бокси касбӣ аз зарба ба замин афтод, яъне наукдавн гирифт.