Тарҳи нави роҳи оҳани наве, ки Маскав пешниҳод кардааст, Узбакистонро дар канор мемонад.
Ин тарҳ, ки охири моҳи сентябр дар нишасти намонядагони кишварҳои минтақа дар шаҳри Остона дар баррасии стратегияи Созмони ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) садод дод, бунёди роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистонро дар бар мегирад. Нақшаи иҷроиши ин тарҳ то соли 2020 дар назр дошта шудааст.
Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтаанд, ки тарҳи пешниҳод кардаи Русия идомаи бунёди тарҳи Тоҷикистн-Афғонистон-Туркманистон аст. Вале алон ин тарҳро кишварҳои мазкур қабул накардаанд. Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтаанд баъд аз баррасии лоиҳаи роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон хулосаҳои худро ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунанд.
Пешниҳоди лоиҳаи роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон гуфта мешавад дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони амнияти ҳамкории дастаҷамъӣ ҳам садо дода буд. Вале маблағи бунёди ин тарҳ гуфта нашудааст, ки чигуна ихтисос дода мешавад ва тарафҳо чи саҳме доранд.
Ин дар ҳолест, ки дар Осиёи Миёна чанд тарҳи роҳи оҳан рӯи даст гирфита шудааст. Аз ҷумла тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон, ки Тоҷикистон аз он канор монд. Дигар тарҳи пурсару садои роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон (ТАТ), ки дар ин тарҳ ҷонибҳо то ҷое ба тафовуқ омадаанд.
Тарҳи пешниҳод кардаи Русия, ки он кишварро ба Тоҷикистон тариқи Қазоқистону Қирғизистон мепайвандад, дар сурати сохтани роҳи оҳани Тоҷикистону Афғонистону Туркманистон роҳи оҳани Русия ҳам ба кишварҳи Осиёи ҷанубӣ кӯшода мешавад.
Сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар маросиме дар вилояти Лебап(Лабиоб, Чорҷӯи собиқ)-и Туркманистон бо ширкати сарони се кишвари дахил -Ҳомиди Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов- оғоз шуда буд.
Дар гузашта се масири кашидани хатти роҳи оҳани «Туркманистон – Афғонистон Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дошт. Масири аввал ва тӯлонитарин Колхозобод – Дӯстӣ - Панҷи Поён дар сарҳади Тоҷикистон, сипас тариқи Шерхон Бандар – Қундуз – Хулм - Мазори Шариф – Шибирғон – Андхуй -Оқина дар марзи Афғонистон ва Имомназар - Отамуроди қаламрави Туркманистонро дар бар гирифта, тақрибан 635 километр тӯл мекашад. Масири дуввум танҳо Айваҷи Тоҷикистонро дар бар мегирад ва аз он ҷо ба Тагонгузари Афғонистон расида, масири қаблиро такрор мекунад. Он 445 км тӯл дорад. Масири сеюм ва кӯтоҳтарин, ки 160 километр тӯл хоҳад дошт, аз Бешкенти Тоҷикистон шурӯъ шуда, аз Калдор ва Ҳайратони Афғонистон мегузарад ва то Келифи Туркманистон мерасад.
Тоҷикистон тарҳи роҳи оҳани муштарак бо Афғонистону Туркманистонро як василаи муҳим барои коҳиш додани вобастагии феълан саддарсадиаш аз роҳи оҳани Узбакистон мешуморад. Мақомоти Душанбе ин кишвари ҳамсояро пайваста ба эҷоди мавонеъ дар роҳи транзити қаторҳои Тоҷикистон айбдор мекунанд.
Ду сол пеш ҷониби Узбакистон ибтидо ба баҳонаи гӯё “тахриб шудани як пули роҳи оҳан бар асари таркиши террористӣ” ҳаракати қаторҳо дар масири роҳи оҳани Тирмиз –Амӯзанг – Шаҳритӯс - Қӯрғонтеппа – Кӯлобро қатъ кард ва баъди чанде ба далели “аз лиҳози зиёновар” буданаш ин роҳро аз марзи Тоҷикистон то истгоҳи Амӯзанг комилан аз байн бурд ва вилояти Хатлони Тоҷикистонро бе роҳи оҳан гузошт.