Давраи гузариш дар Тоҷикистон ба марҳилаи наве ворид шудааст, ки ислоҳоти қатъӣ ва мудирияти беҳтарро тақозо мекунад, мегӯянд коршиносон.
Пурсиши содаи Тоҷикистон дар чӣ давраеро аз сар мегузаронад, посухҳои мушкил ба миён овард. Бархе аз раҳгузарон дар кӯчаҳои Душанбе аз “ғуломдорӣ” ва баъзе сокинони Фейсбук аз “шоҳигарӣ” суҳбат карданд, аммо сиёсатшиносон гуфтанд, кишвар ҳамоно давраи гузаришро паси сар мекунад, ҳарчанд ин давра хеле дуруд дароз шуд.
Таҳлилгар ва узви порлумони Тоҷикистон Суҳроб Шарипов ба радиои Озодӣ гуфт, гузариш ба низоми демократӣ дастовардҳои худро дорад, аммо ислоҳот зарур аст, ҳарчанд на ба таври “револютсионӣ” ё инқилобӣ, балки “эволютсионӣ”, яъне тадриҷӣ. Вай мушкилоти ин давраро на ба шароити воқеӣ, балки ба душвории тағйири шуури иҷтимоӣ ва фаъолияти аъзои ҷомеа бастагӣ дод.
Аммо таҳлилгари мустақил дар Душанбе Парвиз Муллоҷонов гуфт, набояд ҳама чиро ба шуури иҷтимоӣ рабт дод, зеро мушкилоти ҷомеа, махсусан фасод, ки бо давлатдорӣ “як шудааст”, монеаи асосии рушд ба шумор меравад.
Ба ақидаи доктори улуми сиёсӣ Дагихудо Дагиев, ки дар Лондон ба сар мебарад, дастовардҳои давраи гузариш бештар зоҳириянд ва мушкили аслӣ дар шеваи раҳбарист, ки натавонистааст, муваффақияти гузаришро таъмин намояд, балки баръакс бо такия ба пули муҳоҷирони корӣ аз иҷрои вазифаҳои худ канораҷӯӣ кардааст.
Доктори ҳуқуқшиносӣ Манучеҳр Қудратов менависад, ки давлатҳои дар ҳоли гузор ба 5 гуруҳ тақсим мешаванд, аз демократияҳои устувор гирифта то давлатҳои худкома. Бархе аз олимон бар инанд, ки даврони гузариши давлатҳои пасошӯравӣ, ки зиёда аз 20 сол давом меёбад, ба марҳалаи сукут ё беҳаракатӣ табдил меёбад.
Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба суоли дар чӣ давра ба сар бурдани кишвар корбарон Мирзои Ҳоҷимуҳаммад посух дод, ки “расман мо дар давраи бунёди давлати демократӣ қарор дорем, вале воқеан дар шоҳигарӣ.” Амруллоҳи Низом ин давраро “ғуломдории муосир” номида, Бобоҷон Қаюмов ва чанде дигар гуфтаанд, ин давраи мубҳам ва номуайяну нофаҳмост.
Ба эҳтимоли зиёд, номуайянии даврони ҳозира аз нотамомии ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ ва омехтагии мероси шӯравии пешин бо аносири низоми нав сар задааст.
Мудири собиқи Маркази мутолиоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Варшава, Марек Домбровски, мегӯяд, кишварҳои Шӯравии пешин баъд аз берун омадан аз бӯҳрони трансформатсионӣ ё шакливазкунӣ бо вазифаҳое рӯбарӯянд, мисли рафъи камбуд ё дефитсити демократия, беҳбуди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ва талоши ҳамгироӣ бо иқтисоди аврупоиву ҷаҳонӣ. Аммо ӯ “раҳоӣ аз бӯҳрони давлатдорӣ”-ро дар ҷойи аввал мегузорад, ки зоҳиран ба аксари ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хос аст. Вале суол ин аст, ки раҳбарони дерсолаи ин кишварҳо, ки тайи даҳсолаҳо натавонистанд, ин вазифаҳоро иҷро кунанд, хоҳанд тавонист, акнун, замоне ки неруву ғайрат ва потенсилаи инсонии онҳо коҳиш ёфтааст, худро аз мероси Шӯравӣ раҳо намоянд ва низоми навро ба вуҷуд оранд?
Аз баҳси ин ҷо ва табодули назаре ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараён гирифт, ин хулоса пеш меояд, ки ҳукумат бояд шароити рушди иқтисодии ҳар шахс, ҳар соҳа ва кулли кишварро таъмин кунад. Барои ин аз навтарин дастовардҳои илму фанноварӣ истифода намояд, ба бахши иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос диҳад ва даврае сохта шавад, ки бояд на танҳо ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон риоят шаванд, балки ҳамчунин тамоми фаъолиятҳои давлат шаффоф буда, ҳукумат дар назди халқи худ ҳисобот диҳад, он барои халқ бошад, на баръакс халқ барои ҳукумат.
Чун Тоҷикистон дар ростои интихоботи президентӣ қарор дорад, ин суол дар кившар ба таври махсус матраҳ мешавад. Дар матбуоти Тоҷикистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин баҳс идома дорад, ки оё кадоме аз номзадҳо метавонад, рақиби асосии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шавад ва ҳам ин рақиб чӣ шансе хоҳад дошт? Узви порлумони Тоҷикистон Суҳроб Шарипов мегӯяд, ин рақиб шансе нахоҳад дошт, чун раисиҷумҳури феълӣ дар ҷомеа маҳбубият дорад.
Вале сиёсатшиноси тоҷики муқими Лондон, Дагихудо Дагиев бар ин аст, ки бояд чеҳраи наве сари кор ояд. Вай аз он изҳори таассуф мекунад, ки нерӯи аслии сиёсии кишвар маҷбур аст, дар муҳоҷират ба сар барад. Ин ҳам дар ҳоле ки муҳоҷират аз як сӯ ба кишвар ва иқтисоди он пул меорад, аммо аз суи дигар потенсиал ё имкониятҳои кадрию зеҳнии кишварро ҷиддан коҳиш медиҳад.
Корбарони Фейсбук гуфтанд, Тоҷикистон акнун ба як президенти “занҷиршикан”-е ниёз дорад, ки умедро ба мардум баргардонад ва дар зеҳни ҷомеа инқилобе ба вуҷуд орад. Ин ақидаи Бобоҷон Қаюмов, ки президенти нав “баъд аз фароҳам сохтани шароит барои як интихоботи озод оромона ва бо хости худаш канор биравад”, ба маънои радди суханонест, ки раҳбари феълӣ дар зиёда аз 20 соли раҳбарияш чунин шароитро фароҳам овардааст.
Гуфтугӯро дар ин бора дар ин наворе бинед, ки бо ширкати аҳли назар --сиёсатшинос, узви порлумони Тоҷикистон Суҳроб Шарипов, таҳлилгари мустақил дар Душанбе Парвиз Муллоҷонов, доктори улуми сиёсӣ дар Лондон, Дагихудо Дагиев ва ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон таҳия шудааст.
Оё тағйири куллӣ дар сатҳи олии ҳукумат дар Тоҷикистон метавонад сабаби беназмӣ ва хушунати иҷтимоӣ шавад? Суол аз он ҷо меояд, ки ду таҳлилгар Суҳроб Шарипов ва Парвиз Муллоҷонов гуфтанд, кишвар наметавонад бори дигар ба инқилобу ошӯб рӯ орад, чун ин бор дигар аз он берун нахоҳад гашт. Аммо Дагихудо Дагиев мегӯяд, набояд талаби тағйиротро ба маънои даъват ба ҷангу хушунат фаҳмид. Ин ҳам дар ҳоле ки аз ҷанг беш аз ду даҳсола гузаштаву насли наве ба воя расид, ки паёми чунин “таҳлилҳо”-ро намепазирад.
Донишманди тоҷики муқими Олмон Манучеҳр Қудратов менависад, ки ба фикри ӯ, дар Тоҷикистон ба шахси раҳбари давлат диққати зиёд дода мешавад, дар ҳоле ки ҳайати ҳукумати ӯ муҳимтар аст ва хуб мешуд, агар ҳизбҳои сиёсӣ пеш аз интихобот ҳайатҳои ҳукумати худро ҳамчун "shadow cabinet" муайян мекарданд.
Ба ҷои хулоса метавон ин суханони Дабир кулли СММ Бан Ки-мунро овард, ки гуфтааст: “Замоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, давраи дигаргуниҳои ҳаяҷономез аст. Ба андозае, ки мардум дар тамоми ҷаҳон барҳақ талаби адлу озодӣ, масъулиятшиносии ҳукуматҳо ва имкониятҳои баробар мекунанд, ҷаҳони имрӯз ба ҳамон андоза тағйир меёбад. Ин замонаи дигаргуниҳои ва осебпазириҳост. Мо дар давраи камбуди амният, густариши нобаробарӣ, беадолатӣ ва бетоқатиҳо зиндагӣ мекунем.”
Таҳлилгар ва узви порлумони Тоҷикистон Суҳроб Шарипов ба радиои Озодӣ гуфт, гузариш ба низоми демократӣ дастовардҳои худро дорад, аммо ислоҳот зарур аст, ҳарчанд на ба таври “револютсионӣ” ё инқилобӣ, балки “эволютсионӣ”, яъне тадриҷӣ. Вай мушкилоти ин давраро на ба шароити воқеӣ, балки ба душвории тағйири шуури иҷтимоӣ ва фаъолияти аъзои ҷомеа бастагӣ дод.
Аммо таҳлилгари мустақил дар Душанбе Парвиз Муллоҷонов гуфт, набояд ҳама чиро ба шуури иҷтимоӣ рабт дод, зеро мушкилоти ҷомеа, махсусан фасод, ки бо давлатдорӣ “як шудааст”, монеаи асосии рушд ба шумор меравад.
Ба ақидаи доктори улуми сиёсӣ Дагихудо Дагиев, ки дар Лондон ба сар мебарад, дастовардҳои давраи гузариш бештар зоҳириянд ва мушкили аслӣ дар шеваи раҳбарист, ки натавонистааст, муваффақияти гузаришро таъмин намояд, балки баръакс бо такия ба пули муҳоҷирони корӣ аз иҷрои вазифаҳои худ канораҷӯӣ кардааст.
Доктори ҳуқуқшиносӣ Манучеҳр Қудратов менависад, ки давлатҳои дар ҳоли гузор ба 5 гуруҳ тақсим мешаванд, аз демократияҳои устувор гирифта то давлатҳои худкома. Бархе аз олимон бар инанд, ки даврони гузариши давлатҳои пасошӯравӣ, ки зиёда аз 20 сол давом меёбад, ба марҳалаи сукут ё беҳаракатӣ табдил меёбад.
Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба суоли дар чӣ давра ба сар бурдани кишвар корбарон Мирзои Ҳоҷимуҳаммад посух дод, ки “расман мо дар давраи бунёди давлати демократӣ қарор дорем, вале воқеан дар шоҳигарӣ.” Амруллоҳи Низом ин давраро “ғуломдории муосир” номида, Бобоҷон Қаюмов ва чанде дигар гуфтаанд, ин давраи мубҳам ва номуайяну нофаҳмост.
Ба эҳтимоли зиёд, номуайянии даврони ҳозира аз нотамомии ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ ва омехтагии мероси шӯравии пешин бо аносири низоми нав сар задааст.
Аз баҳси ин ҷо ва табодули назаре ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараён гирифт, ин хулоса пеш меояд, ки ҳукумат бояд шароити рушди иқтисодии ҳар шахс, ҳар соҳа ва кулли кишварро таъмин кунад. Барои ин аз навтарин дастовардҳои илму фанноварӣ истифода намояд, ба бахши иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос диҳад ва даврае сохта шавад, ки бояд на танҳо ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон риоят шаванд, балки ҳамчунин тамоми фаъолиятҳои давлат шаффоф буда, ҳукумат дар назди халқи худ ҳисобот диҳад, он барои халқ бошад, на баръакс халқ барои ҳукумат.
Чун Тоҷикистон дар ростои интихоботи президентӣ қарор дорад, ин суол дар кившар ба таври махсус матраҳ мешавад. Дар матбуоти Тоҷикистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин баҳс идома дорад, ки оё кадоме аз номзадҳо метавонад, рақиби асосии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шавад ва ҳам ин рақиб чӣ шансе хоҳад дошт? Узви порлумони Тоҷикистон Суҳроб Шарипов мегӯяд, ин рақиб шансе нахоҳад дошт, чун раисиҷумҳури феълӣ дар ҷомеа маҳбубият дорад.
Вале сиёсатшиноси тоҷики муқими Лондон, Дагихудо Дагиев бар ин аст, ки бояд чеҳраи наве сари кор ояд. Вай аз он изҳори таассуф мекунад, ки нерӯи аслии сиёсии кишвар маҷбур аст, дар муҳоҷират ба сар барад. Ин ҳам дар ҳоле ки муҳоҷират аз як сӯ ба кишвар ва иқтисоди он пул меорад, аммо аз суи дигар потенсиал ё имкониятҳои кадрию зеҳнии кишварро ҷиддан коҳиш медиҳад.
Корбарони Фейсбук гуфтанд, Тоҷикистон акнун ба як президенти “занҷиршикан”-е ниёз дорад, ки умедро ба мардум баргардонад ва дар зеҳни ҷомеа инқилобе ба вуҷуд орад. Ин ақидаи Бобоҷон Қаюмов, ки президенти нав “баъд аз фароҳам сохтани шароит барои як интихоботи озод оромона ва бо хости худаш канор биравад”, ба маънои радди суханонест, ки раҳбари феълӣ дар зиёда аз 20 соли раҳбарияш чунин шароитро фароҳам овардааст.
Гуфтугӯро дар ин бора дар ин наворе бинед, ки бо ширкати аҳли назар --сиёсатшинос, узви порлумони Тоҷикистон Суҳроб Шарипов, таҳлилгари мустақил дар Душанбе Парвиз Муллоҷонов, доктори улуми сиёсӣ дар Лондон, Дагихудо Дагиев ва ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон таҳия шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад