Ҷавононеро, ки дар маҳфилҳои арӯсӣ гоҳ-гоҳе гардонандагӣ ё барандагӣ мекунанд, андозбандӣ шудани ин шуғли писандидааш вайро дар вазъи ногувор гузоштааст.
Умарҷон Қосимов, ҷавони суғдӣ дар як маркази забономӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Вай мегӯяд, гоҳ-гоҳе бо хоҳиши ҳамсояҳову дӯстон дар маҳфилҳои хурсандии онҳо гардонандагӣ мекард ва каме маблағ ба даст меовард.
Аммо акнун ночор аст хоҳиши талабгоронашро радд кунад. Умарҷон мегӯяд:
“Чунки ба ман гуфтанд, ки агар патент гирифта андоз насупорӣ, ҷарима мебанданд. Ман дар 1 моҳ 1-2 бор дар тӯй барандагӣ мекунам, барои ин 100 – 150 сомонӣ медиҳанд. Аммо патенти соҳибкорӣ гирам, ба тӯй наравам ҳам, ҳатман қариб 140 сомонӣ андоз месупурдаам. Тасаввур кунед, ки ман дар тӯйхона барандагӣ мекунаму кормандони андоз омада, маро ҷарима мекунанд. Барои ҳамин ҳайронам чӣ кунам.”
Мусоҳибам мегӯяд, андозбандии гардонандаҳоро ба сурати умум қабул дорад, вале барои гардонандаҳои касбиву ҳаваскор маблағи яксон таъин кардан дуруст нест: “Хуб, касоне, ки барандагӣ дар тӯйҳоро ба худашон касб кардаанд ва ҳар ҳафта ба тӯй мераванд. Шояд, барои онҳо супурдани андоз гарон набошад. Аммо андозбандӣ ба ман барин ҷавонон, ки бархе донишҷӯянд ва бо роҳи барандагӣ дар тӯйҳо барои ҳуҷрапулию хӯроку либос каме пул меёбанд, вазнин меафтад.”
Ба гуфтаи мусоҳибам, дар ҳоле, ки ҳукумат бо қонуни танзими тӯйу маросимҳо ба коҳиши хароҷот талош дорад, андозбандии гардонандаҳои маҳфилҳои хурсандӣ нархи ин навъи хидматрасонӣ ва дар пай харҷи соҳибони тӯй ва ҷашнҳоро низ боло мебарад.
Вале Фарзон Машарифов, хабарнигори телевизиони вилояти Суғд, ки мегӯяд, аз замони мактабхонӣ ба маҳфилороӣ дар тӯй ва маъракаҳои мардум шавқ дошт, андозбандӣ ба фаъолияти гардонандаҳоро қабул дорад, аммо ба шарте ки танҳо гардонандаҳои ба истилоҳ ҳирфаиро дарбар гирад: “Маблағи барандагӣ ҳам торафт хуб мешавад. Баъзеҳо солиёни зиёд барандагӣ мекунанду худро “ровии касбӣ” меноманд. Акнун бо гирифтани патент онҳо метавонанд бехавотир ба ин шуғли писандидаашон машғул мешаванд. Вақте, ки талабгоронашон ҳам ба тӯй ва ҷашнҳо даъват мекунанд, онҳо бедудилагӣ маблағ мегиранд. Чунки медонанд, ки аз он ба хазинаи давлат ҳам андоз месупоранд.”
Мусоҳибам афзуд, андозбандӣ он касонеро, ки на ба хотири дарёфти маблағ, балки аз рӯйи шавқу ҳавас тӯй ва маъракаҳоро гардонандагӣ мекунанд, водор мекунад аз ин кор канор раванд. Ва ин дар ҳолест, ки ба таъкиди вай, гардонандагӣ дар тӯй ва ҷашнҳо дар Тоҷикистон мактаб ва диплом надорад ва ҳамчун касб омӯзонида намешавад.
Ба гуфтаи мусоҳибам, дар ҳоле ки дар шаҳрҳои Тоҷикистон соҳибони ҷашнҳо ба гардонандагони маҳфил маблағе пардохт мекунанд, дар деҳоти Тоҷикистон ҷавонони суханпардозу маҳфилоро ин корро бо хоҳиши соҳибтӯйҳо умдатан ройгон анҷом медиҳанд.
Муҳсин Раҳматов, сардори шӯъбаи ба қайдгирӣ дар Раёсати андози шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, гардонандаҳои тӯй бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи августи соли равон ба номгӯи соҳибкорони андозсупоранда аз рӯйи патент шомил карда шудаанд: “Барои навозандагон, раққосон ва барандагон дар ҷашну маъракаҳо маблағи патент 92 сомонӣ, андози иҷтимоӣ 48 сомонӣ, ҳамагӣ 138 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин маблағ сари ҳар моҳ пешпардохт карда мешавад. Новобаста аз он, ки баранда аз ин кор чанд ҳазор сомонӣ фоида мекунад ё 100 сомонӣ, бояд ҳатман маблағи андози патенташро пардохт кунад.”
Мусоҳибам афзуд, он касоне, ки аз гардорнандагӣ ё барандагӣ дар тӯйҳо маблағ мегиранд, новобаста аз касбу кори аслиашон ба гурӯҳи ровиёни соҳибкор шомил карда мешавад.
Бино ба иттилои шуъбаи бақайдгирии Раёсати андози Хуҷанд, дар ҳоли ҳозир дар маркази вилояти Суғд 3-4 нафар андозсупоранда патент гирифта, ҳамчун барандаи тӯйҳо расман сабти ном шудаанд.
Соли равон Кумитаи андози Тоҷикистон ба соҳибкорони бархе кору пешаҳо дубора андози собити ҳармоҳа ба воситаи патент ҷорӣ кард. Тибқи он, ҳар моҳ сарояндагони тӯйҳо 540, саррофон 450, носфурӯшон 240, соҳибони ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ 180, барандагони тӯйҳо 138, чӯпонҳо 45 сомонӣ андоз аз фаъолияти соҳибкорӣ пардохт мекунанд.