Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо, яке аз даврҳои Гран-при, ки рӯзҳои 5-6-уми октябр дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба ҳайати мунтахаби кишвар шаш гуштигир шомиланд: Табризшо Парпишоев, Саидмухтор Расулов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Фарҳод Раҳимов, Саидҷалол Саидов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+ 100 кг).
Дар ин мусобиқа, ки дар маҷмааи варзишии «Узбакистон»-и Тошканд баргузор мешавад, 190 варзишгар аз 24 кишвар барои ба даст овардани медалҳо ва имтиёзҳо дар рейтинг ё феҳристи ҷаҳонии дзюдо, инчунин, ҷоизапулӣ талош хоҳанд кард. Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.