Аблязовро дар Фаронса бо васиқа аз боздошт раҳо накарданд

Kazakhstan -- Oligarch Mukhtar Ablyazov is seen in Almaty, November 27, 2006

Мухтор Аблиёзов-сарватманди фирории Қазоқистон, ки дар кишвараш таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад ва гӯё аз бонки пешини худ 6 миллиард долларро рабудааст, бори дигар натавонистааст дар Фаронса бо пардохти васиқа аз боздошт раҳо шавад.

Вакили мудофеи Аблязов рӯзи панҷшанбе гуфт, ки додгоҳи яке аз шаҳрҳои ҷанубии Фаронса дар ин бора рӯзи панҷшанбе ҳукм содир кардааст.

Моҳи август ҳамин додгоҳ дархости Аблязовро дар бораи раҳоӣ бо васиқа рад карда буд. Вай яке аз мухолифони президент Нурсултон Назарбоев мебошад ва соли 2009 аз Қазоқистон фирор карда буд.