Мақомоти Душанбе мегӯянд, сагҳои дайду рӯ ба афзоиш доранд ва танҳо моҳи сентябри соли равон дар Душанбе 500 саги дайдуро нобуд кардаанд.
Масъулияти поксозии шаҳр аз сагҳои дайду ба зиммаи Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Душанбе – Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур вогузор шудааст.
Абдухалил Азизов, раҳбари Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нобуд кардани сагҳои дайду бар асоси шикояти шаҳрвандон сурат мегирад. Вай афзуд, дар ду рӯзи охир аз ҷониби истиқоматкунандагони хиёбони Неъмат Қарабоев 84/4 ва 82/3 ду аризаи шикоятӣ ворид гардид, ки сагҳои зиёди бесоҳиб дар таҳхонаи ин биноҳо зиндагӣ мекунанд: «Сокинон мегӯянд, саги дайду омадааст омада, онро гиред. Вақте рафтем, таҳхона на барқ дорад, на шароити даромадан. Дару тирезаи таҳхона кушода. Бесоҳиб, ки бошад саги дайду даромадан мегирад. Аммо ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда мо кор мекунем. Ҳатто баъзан рӯзе мешавад то 50 сагро нобуд мекунем.»
Ҳамзамон ҷаноби Азизов меафзояд, аз сабаби зиёд будани партовгоҳҳо дар Душанбе, сагҳои дайду аз навоҳии атроф ҳам ба пойтахт меоянд. Гоҳе ҳатто одамон сагҳоро дар халтаҳо гирифта, ба шаҳр меоранд ва сар медиҳанд. Дар ин ҷо аксари онҳоро медоранд ва мепаронанд.
Акрами Гиёзода, муовини сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, барои нобуд кардани сагҳои дайду ҳар ноҳия тими махсуси худро дорад, ки аз тирандоз, се ёвар ва як ронандаи мошини махсус иборат аст: «Сагҳое, ки газидагӣ ҳастанд, мо онҳоро дар ҷойҳои махсус нигоҳ медорем, то дақиқ кунем, ки касалӣ ҳаст ё не. Баъдан дар мошинҳои махсус бор карда бурда, мепартоем.»
Ба қавли ҷаноби Гиёзода, агар як рӯз ҷасади сагҳои дайду ё худи онҳо аз дохили шаҳр берун карда нашаванд, Худо медонад чӣ хоҳад шуд. Мақомот куштани сагони дайдуро хидмате ба нафъи ҷомеа мешуморанд, аммо ин амал эътирози шаҳрвандонро низ ба миён меорад.
Алихон Латифӣ, коршиноси тоҷик, ки зотҳои гуногунисагро дар Тоҷикистон таҳқиқ ва таблиғ мекунад, мегӯяд, кишвар имкони нигоҳдории сагҳоро надорад, зеро харҷи хӯроки якрӯзаи саг бо одам баробар аст. Ҳамчунин ба қавли ӯ, ҳузури сагҳои дайду дар шаҳр хатар дорад: «Дар миёни сагҳо касалии девонагӣ ҳаст, ки агар саг онро дар вуҷудаш дошта бошад тарсашро аз одам гум мекунад. Метавонад ҳар гоҳ одамро тала кунад ё газад. Одамеро, ки саги девона мегазад ба ӯ ҳам бемории саги девона мегузарад. Табобати беморӣ бошад дурудароз аст ва он ҳам ба шарте сари вақт табобат гирад. Дар сурати дер кардани табобат, имкони мурдани одам вуҷуд дорад.»
Хатари дигар, ки сагҳои дайду доранд ин аст, ки онҳо тӯда-тӯда шабона мегарданд ва ба одамон, махсусан хурдсолон ҳамла мекунанд. Бино бар омори расмӣ, то 1 октябр дар шаҳри Душанбе беш аз 2 000 саг нобуд карда шудааст. Ва мақомоти Тоҷикистон то ҳол имкони бо сӯзандору нест кардани ин гуна сагҳоро надоранд.