Тасвиби созишномаи тартиби будубоши тоҷикон дар Русия

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро тасвиб кард.
Иҷлосияи навбатии порлумон рӯзи сешанбеи 1-уми октябр бо аксарияти орои вакилон созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро ба тасвиб расонд.

Бар асоси ин созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, аз ӯҳдадории бақайдгузорӣ дар макони будубош дар мақомоти салоҳиятдори Русия ба муддати 15 рўз озод карда мешаванд.

Масъулони парлумон мегӯянд, ки мӯҳлати будубоши муваққатӣ, ки дар банди 1-и моддаи созишнома зикр шудааст, аз рӯзи воридшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия тибқи варақаи тасдиқшудаи муҳоҷиратӣ бо нишони гузоштаи мақомоти назорати марзбонӣ ҳангоми воридшавӣ ба қаламрави Русия, ҳисоб карда мешавад.

Ҳамчунин тибқи ин санад, дар сурати аз 15 рӯз зиёд будубош намудани шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар, ӯҳдадор аст, ки дар мақомоти салоҳиятдори дар маҳали будубоши худ дар Русия мутобиқи қонунгузории он кишвар, аз қайд гузарад.

Мақомоти Тоҷикистон бар ин боваранд, ки бо тасвиби созишномаи тартиби буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, шароит барои кору фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар фароҳам хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили порлумон ба ин назар аст, ки беҳтар мебуд, то ин муҳлат аз 15 рӯз бештар мебуд ва шароити хубтареро барои шаҳрвандон, ба хусус муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия фароҳам мекард. Аммо Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Тоҷикистон вориди Иттиҳолди гумрукӣ нест, 15 рӯз варианти беҳтарин аст.

Ҳамзамон Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон аз Сафиаллоҳ Девонаев дар бораи созишномаи дигар, ки иҷозаи кор барои то 3 солро медиҳад, пурсид ва раиси Хадамоти муҳоҷират дар посух гуфт, ки ин санад дар ҳоли баррасӣ аст ва ҳанӯз мувофиқа нашудааст.

Ин буд, ки ҷаноби Зуҳуров гуфт, ки дар охири ин ҳафта сафари Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия ба Тоҷикистон сурат мегирад ва дар ҳайати он Константин Ромадановский, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Русия низ шомил аст ва бояд бо баргузории нишасти муштарак, таҳия ва тасвиби ин созишнома баррасӣ ва ҳал гардад.

Зимнан, созишномаи тартиби буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, моҳи октябри соли гузашта дар ҷараёни сафари расмии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ба имзо расида буд.