Тоҷикистон: Ҷалби бештари занон ба сохторҳои қудратӣ

Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, теъдоди зиёди занҳоро ба сохторҳои қудратӣ ҷалб кунад.
Раъногул Улуғова, яке аз занҳоест, ки дар мақомоти қудрратӣ ифои вазифа мекунад. Вай афсари калони шӯъбаи кор бо ҳайати шахсии Раёсати қушунҳои хушкигарди Вазорати дифои Тоҷикистон аст. Мухолифати падару модар пеши роҳи Раъногулро, ки орзу дошт афсари артиш шавад, нагирифт. Акнун ҳашт сол аст, ки ӯ дар тан либоси ҳарбӣ дорад.

Вай мегӯяд, ҳарчанд волидонаш ин пешаро ба духтари тоҷик муносиб намедонистанд, пой ба ин арса ниҳод, зеро аз кудакӣ орзу дошт, либоси ҳарбӣ ба бар кунад. Ба гуфти Раъногул кор дар соҳаи низомӣ бонувонро ҷасур, худбовар ва масъулиятшинос карда, онҳо худро дигар ба қавли мардумӣ «мушти пар» эҳсос намекунанд. Вай мегуяд, «пеш аз ҳама касбамро дӯст медорам, ин аст муваффақияти кор. Албатта, занон дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кам нестанд, вале бояд сафи онҳо бештар шавад. Бояд гӯям, ки кор дар ин сохтор, вақти бештарро талаб мекунад, шояд як омил ҳамин аст, ки занон дар сохторҳои давлатӣ камтар ҳастанд».

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Занҳо дар ниҳодҳои қудратӣ


Дар ҳамин ҳол миёни мардум ақидае роиҷ аст, ки нармдилию меҳрубонии зан монеи фаъолияти ӯ дар соҳаи низомӣ мегардад, зеро ҷараёни кор дар ин ришта маъмулан сахтгириву серталабиро мехоҳад.

Аммо Сабоҳат Достиева, сарнозири шӯъбаи кадри Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд зимни кор онҳо хеле меҳрубонанд, дар лаҳзаи зарурӣ аз мардҳо ҳам серталабтар мешаванд. Вай афзуд. «занон дар оҷонсӣ кам нестанд, аммо онҳое ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд ҳамагӣ 15 нафаранд».

Бо ин вуҷуд ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, теъдоди зиёди занҳоро ба сохторҳои қудратӣ ҷалб кунад. Аммо оё ин иқдом зоҳирпарастист ва ё дар воқеъ мақомот мехоҳанд мисли кишварҳои ғарбӣ занҳо дар ҳама бахшҳо аз ҷумла сохторҳои қудратӣ низ ҳузур дошта бошанд ва дар баробари мардҳо масъулиятро бар душ гиранд?

Ҳузури ками занон дар саҳнаи сиёсат ва ҳамчунин дар сохторҳои қудратиро таҳлигарон ба он рабт медиҳанд, ки то кунун дар ҷомеаи Тоҷикистон падидаи "дастнигарӣ" ва "умед ба дигарон", манзур мардон, аз байн нарафтааст.

Аз суи дигар низ ба гуфтаи Мунира Иноятова, таҳлилгари тоҷик иллати дигари камии занон дар мақомоти қудратӣ табиати мардсолори ҷомеаи Тоҷикистон аст: "албатта дар назари аввал занҳое ки иқтидори ҳалу фасли ин масъаларо доранд мо ҷустуҷу намекунем. Қисми зиёди мардҳо як ақидаи куҳна доранд, ки зан бояд дар хона шинад ва кудакро тарбия кунад. Бархеи дигар мегӯянд ғурбати оила барои зан кифоя аст. Аммо гап сари он меравад, ки бояд мо як системаи махсус ҷорӣ кунем, ки занро барои ба ниҳодҳои раҳбарикунанда интихоб кардан бояд аз мактаб оғоз кунем. Бояд ба оила ба кумак расонидан даркор ки зан каме вақт пайдо кунад сатҳи дониши худро баланд кунад. Вақте зан соҳиби маълумот мешавад ҳатман захираҳои инсонии ӯ бештар мешавад.»

Бо ин ҳама таҷриба нишон медиҳад, ки то ба ҳол теъдоди андак ва ҳатто ангуштшумори занон ба мансабҳои баландтар, назири вазир ва муовини вазир мансуб шудаанд. Дар солҳои пеш вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ бар души зан буд. Аммо ҳоло сарварии ин ришта низ ба мардон вогузор шудааст.

Гулҷаҳон Бобосодиқова, раҳбари созмони занони маълумоти олидор дар Тоҷикистон, мегӯяд, душвории кор набояд баҳонаи канор гузоштани занон аз маснабҳои асосӣ бошад: «мушкилотҳои иҷтимоӣ аз ҷумла соҳаи тандурустиву маориф, мудофиа вуҷуд доранд. Наход ки як зан ба ҳайси вазир ё муовини он таъин шуда онро ҳал карда натавонад. Ман фикр мекунам, дар вазорати мудофиа низ бе ягон мушкил занеро интихоб кардан мумкин аст».

Аммо ин ҷо намешавад, Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистонро истисно кард, ки муовини раҳбари он Бунафша Одинаева аст. Вай аслан собиқаи хабарнигорӣ дорад ва дар муддати чанд соли охир ҷойгоҳи ин мақомро ба маротиб болотар бурдааст ва дар бештари нишасту ҷаласаҳо аз оҷонсии назорат бар маводи мухаддирро намояндагӣ мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар Тоҷикистон занони низомӣ ба рутбаҳои гуногун, назири подполковник, полковник ва генерал ҳам ноил шудаанд. Аммо дар қиёс бо мардон шумораи онҳо зиёд нест.

Барои аксари занони тоҷик оила ва тарбияи фарзанд, нақши муҳиму созанда дорад ва одатан бештари духтарон карйера ва пешрафтҳои ба даст овардаашонро ба хотири хушбахтии оилавӣ қурбон мекунанд. Аммо Азиза Давлатшоева подполковники милитсия ва сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди духтарон дар академия, сол то сол афзоиш ёфта феълан дар он 120 духтар таҳсил мекунанд. Вай гуфт, танҳо дар як соли охир 108 зан дар Вазорати корҳои дохилӣ ба кор қабул шудаанд.

Ба сурати умум дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон наздик ба 5 ҳазор зан кор мекунанд. Мақомот мегӯянд ҳудуди ҳазор нафар аз онҳо дар вазифаҳои раҳбаркунанада ҳастанд ва ҳудуди сад нафар зан ба ҳайси додрас фаъолият доранд. Дар қисмҳои низомии Вазорати дифоъ ҳудуди 300 нафар, Вазорати корҳои дохилӣ 2500 зан хидмат карда, ҳамчунин дар Кумитаи амният низ саҳми онҳо назаррас аст.

Бо он ки ҳазорҳо нафар аз занон дар сохторҳои қудратӣ дар раддаҳои гуногун кору фаъолият доранд, аммо ҳоло дар Тоҷикистон танҳо як нафар, он ҳам Саодат Амиршоева, рутбаи генарлӣ дорад. Хонум Амиршоева, ки қаблан раёсати адлияи вилояти Хатлонро бар душ дошт, ҳоло вакили порлумон аст.