Моҷаро дар Eurovision Бокуро сӯи Turkvision бурд

Созмондиҳандаи озмуни Еurovision - Иттиҳоди нашаротии Аврупо (EBU) далелҳои тақаллуб дар ин сабқати ҳунариро тафтиш мекунад.
Сару садоҳо дар бораи он ки мақомоти Озарбойҷон барои пирӯзӣ дар озмуни соли 2011 раъйҳоро “харидаанд”, сарнавишти минбаъдаи ин озмуни миёни мардуми Аврупо маҳбубро зери суол қарор додааст. Ҳамасола 26 кишвар дар Еurovision ширкат мекунанд ва ин озмунро тақрибан 125 миллион нафар аз тариқи телевизион тамошо мекунанд. Ғолибони Еurovision аз рӯи раъйдиҳии ҳайати ҳакамон бар пояи паёмаку зангҳои тамошобинон муайян мешаванд. Аммо солҳо боз бархе коршиносон бонги изтироб мезананд, ки пирӯзии ин ё он овозхон - натиҷаи тақаллуб ё "забон як кардан"-и намояндагони чанд кишвар аст. Айни ҳол созмондиҳандагони озмун чӣ гуна ду сол пеш аз сӯи кишвари Малта ба овозхонҳои озарӣ додани раъйи баландтаринро тафтиш мекунанд – гуфта мешавад, ки ин “созиш” ё бо пардохти маблағи бузург ё бар пояи “ман ба ту, ту ба ман” ҳосил шудаст. Дар озмуни соли 2011 Озарбойҷон бо таронаи Ёдгор ва Нигор дар Олмон пирӯз шуд ва ҳақи кишвари мизбони "Еurovision -2012”-ро ба даст овард.

Мансабдорони Озарбойҷон иддаоеро қатъӣ рад мекунанд, ки гӯё онҳо талоши харидории раъйҳо ба фойидаи овозхони озариро карда ба ин васила ба раисиҷумҳур Илҳом Алиев имкони ифтихор аз мизбонии Еurovision дар соли 2012-ро фароҳам оваранд. Аммо, ба навиштаи хабаргузориҳо, озмун дар Боку на фақат боиси ифтихори сарвари кишвар буд, балки ба боигарии оилаи Илҳом Алиев ҳам афзудааст. Ҳукумати Озарбойҷон эълон дошт, ки барои бунёди Сарои Булӯрини дорои 23 ҳазор ҷои нишаст – макони баргузории Еurovision 134 миллион долларро сармоягузорӣ мекунад. Бунёди қасрро ширкати олмонии "Алпине Бау" бар дӯш гирифта буд, вале дар майдони сохтмонӣ таҷҳизоти зиёде ба чашм мехӯрд, ки дар он тамғаи Азенко зада шудааст, тамғаи ширкате, ки тавассути миёнаравҳо ба хонаводаи Алиевҳо фоидаи молӣ меорад.

Масъулини EBU мегӯянд, ки тафтиши қазияи тақаллуби раъйҳоро то охир тафтиш мекунанд ва агар он тайид шавад, аз иқдоми зарурӣ кор мегиранд. Ҳадс зада мешавад, ки шояд тасмими ниҳоӣ - аз ҳаққи ширкат дар озмун маҳрум сохтани кишвари "тақаллубгар" бошад.

Дар ҳамин ҳол Туркия изҳор намуд, ки мехоҳад худаш озмуни Еurovision-ро тарк намояд, зеро дар он кишварҳои зиёде забон як карда алайҳи овозхонҳои турк раъй медиҳанд. Ҳафтаи гузашта Анқара дар тақвияти гуфтаҳои худ эълом дошт, ки барои баргузории Turkvision, озмун бо ширкати овозхонҳои 20 кишвару

Кохи булурин - макони баргузории озмун

минтақаҳои туркзабон омодагӣ мегирад. Гуфта мешавад, ки миёни ширкатдорони ин озмун ҷумҳурии Тотористони Русия, ҷумҳурии Қрими Украина, Боснӣ ва Ҳерсеговина, Қибриси Шимолӣ, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам хоҳанд буд. Зимнан, ба иттилои торнамои мухлисони Еurovision дар бораи имкони ширкати Туркманистон ва Ӯзбакистон ҳарфе нест.

Аммо созмондиҳандагони озмун сару садоҳоро дар бораи он ки Turkvision ба навъе посух ба Еurovision мебошад, рад карданд. Набӣ Овчӣ, вазири маърифати Туркия изҳор намуд, ки "Turkvision-ро набояд бо Еurovision қиёс кард. Ин озмун дар олами турк мақому арзиши худро хоҳад дошт. Мо дар Еurovision ширкат мекунем ё не, умедворам, ки Turkvision роҳи худро пайдо мекунад ва доманаш сол то сол густурдатар хоҳад шуд". Набӣ Овчӣ афзуд, ки ҳадафи муқаддамотии онҳо – ошкор кардани истеъдодҳои нав миёни ҳунармандони ҷавон дар кишварҳои туркзабон буд.

Озарбойҷон аллакай ба сабқати Turkvision ҳамроҳ шудааст. Барандагони озмуни Еurovision-2011 Нигор ва Ёдгор аллакай дар шаҳри Ескишаҳари Туркия, ки қарор аст даври ниманиҳоӣ ва ниҳоии озмуни Turkvision моҳи декабри соли равон он ҷо баргузор шавад, ҳунарнамоӣ карданд.