Заминларза дар Покистон - аз Оварон то Дубай?

Pakistan -- Survivors clear the debris of destroyed houses in the earthquake-devastated district of Awaran, Balochistan province, September 25, 2013

Мақомоти Покистон дар такопӯи наҷоти онҳоеанд, ки бар асари заминларзаи шадиди ахир зери оворҳо мондаанд.
Ба иттилои Хадамоти мубориза бо офатҳои табиии вилояти Балуҷистон, дар ин заминларзаи нерӯяш 7,7 дараҷаи Рихтер дасти кам 328 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 450 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд ё осеб дидаанд. Бархе аз афроди осебдида аллакай тавассути чархболу ҳавопаймо ба бемористонҳои шаҳрҳои бузурги Покистон интиқол ёфтанд.

Заминларзаи мудҳиш рӯзи сешанбе минтақаи Оварон ва мавзеъҳои атрофи он – Кеч, Хуздан, Хорон, Гвадар, Панҷгӯр ва Чоғиро такон дод. Дар ин мавзеъҳо биноҳои зиёде, аз ҷумла, манзилҳои зист фурӯ рехтанд ва мухобирот қатъ шуд.

Ҷон Муҳаммад Булайдӣ, сухангӯи волии Балуҷистон, мегӯяд, ки сохторҳои вилоят ҳамроҳ бо низомиён ба расонидани кӯмаки оҷил ба манотиқи офатзада машғуланд. Ӯ афзуд, ки “аз шаҳри Квейта ба ҷойи ҳодиса дар 12 мошини боркаш молҳои зарурӣ фиристоданд ва аммо чун роҳ тулонӣ аст 16-17 соатро дарбар мегирад, онҳо фақат имрӯз мерасанд”. Хадамоти мубориза бо офатҳои табиӣ ба Оварон дар 7 мошини боркаш кӯмаки оҷил бо маводи озӯқаву дорувор ва либоси гарм фиристода, дар манотиқи офатзада ду бунгоҳи муваққати тиббӣ ифтитоҳ кардааст”. Ҷон Муҳаммад Булайдӣ афзуд, ки аз заминларза беш аз 300 ҳазор нафар осеб дидаанд. Ба гуфтаи ӯ, бештари қурбониён афроди фақиреанд, ки дар хонаҳои лойӣ зиндагӣ мекарданд.

Заминларза дар шаҳри Қарочӣ, ки аз маркази зилзила 250 километр дур аст, дар шаҳри Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон, дар масофаи тақрибан 1200 километр дур аз Балуҷистон ва ҳатто дар Дубай, он сӯи баҳри Араб низ эҳсос шуд.

Мақомоти Покистон тайид карданд, ки баъд аз зилзила дар наздикиҳои бандари Гвадар дар баҳри Араб як ҷазираи на он қадар бузург пайдо шудааст.

Дар Балуҷистон заминларза зиёд рӯй медиҳад. Моҳи апрели соли равон ларзиши замин дар манотиқи ҳаммарз бо Эрони вилоят боиси даргузашти 35 нафар шуд. Панҷ сол пеш дар як зилзилаи шадид 300 сокини Балуҷистон ҷон бохта буданд. Мудҳиштарин заминларза дар ин гӯшаи Покистон соли 1935 рӯй додааст – он вақт офати табиӣ мунҷар ба ҳалокати 60 ҳазор нафар шуда буд.