Роҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро ба «нигилизми сиёсӣ» айбдор кард.
Раҳматулло Зойиров бо пахши як изҳорот гуфтааст, Хадамоти муҳоҷирати Русия ҳаққонияти ӯро дар масълаи теъдоди муҳоҷирини тоҷик собит карда, даъвоҳои КМИР-ро ботил баровардааст.
Шурӯъ аз маъракаҳои интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон баҳсе ба миён омадааст, ки муҳоҷирини тоҷик дар ин маърака чӣ гуна ширкат кунанд. Раиси ҲСДТ мегуфт, муҳоҷирини корӣ бояд ҳам дар ҷамъоварии имзо барои дастгирии номзад ва ҳам дар интихобот аз Русия бояд ширкат кунанд. Аммо КМИР эълон дошт, ки қонунгузории Тоҷикистон ин ҳолат, яъне ширкати муҳоҷирин дар ҷамъоварии имзоҳоро пешбинӣ намекунад ва дар Русия онҳо метавонанд дар 24 қитъаи раъйгирӣ овоз диҳанд.
Даъвои дигари Зойиров ин буд, ки дар Русия 1,5 миллион муҳоҷир кор мекунанд ва 90 дарсади онҳо имкони ширкат дар интихоботи президентиро надоранд. КМИР посух дод, ки дар Русия 800 то 900 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият доранд ва то 6-уми ноябр аксарияти онҳо ба ватан баргашта, шояд 200 то 300 ҳазор нафари онҳо натавонанд дар интихобот ширкат кунанд.
Аммо як рӯзи қабл расонаҳо аз қавли Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия омори наверо ба нашр расонданд, ки тибқи он, аз Тоҷикистон дар ин кишвар 2-уми сентябри соли 2013 1 миллиону 229 ҳазору 324 муҳоҷири меҳнатӣ - 1 миллиону 52 ҳазору 295 мард ва 177 ҳазору 29 зан ва аз ин шумора 1 миллиону 100 ҳазор раъйдиҳанда ба сар мебаранд.
Раҳматулло Зойиров мегӯяд, омори расмии Русия афроди расман сабти номшударо баён мекунад, дар ҳоле ки тақрибан 200 то 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бидуни сабт дар он кишвар ҳузур доранд. Мавсуф мегӯяд, афроди душаҳрвандӣ низ ҳастанд ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Украина, Эрон ва дигар кишварҳо ҳам ба сар мебаранд ва дар умум беш аз 2 миллион нафар, тақрибан аз 45 до 50% - и ҳамаи раъйдиҳандагон дар хориҷ хоҳанд буд. Вай мегӯяд, рӯзи интихобот КМИР танҳо 5-7 %-и раъйдиҳандагонро дар хориҷи Тоҷикистон дарбар гирифта медонад, ки ин «ниглизим» ё беаҳамиятии сиёсӣ аст.
Дар посухи ба ин иддао Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР ба «Озодӣ» гуфт, ин ниҳод расман аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳуҷҷат дорад, ки теъдоди муҳоҷирин аз 800 то 900 ҳазор нафар аст ва онҳо ба ин далел дар раванди ҷамъоварии имзо ширкат карда наметавонанд, ки дар Қонуни интихобот ин нукта пешбинӣ нашудааст ва муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд дар 24 комиссияи интихоботӣ дар шаҳрҳои бузурги Русия раъй диҳанд.
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр муқаррар шудааст.