Додгоҳе дар Миср, фаъолияти созмони исломгарои Ихвонулмуслиминро дар ин кишвар мамнӯъ кард ва амр дод, то моликияти он мусодира шавад. Муҳаммад ал-Саид, раиси мурофиа, бо судури амре гуфт, Ихвонулмуслимин ва “тамоми фаъолиятҳо ва созмонҳои ношӣ аз он мамнӯъ шавад”. Ин амр дар ҳоле содир шуд, ки мухолифатҳо миёни ҳукумати мувақаттӣ ва тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср шиддат мегирад. Мамнӯъ шудани Ихвонулмуслимин ба мақомот имкон медиҳад, ба фаъолияти муассисаҳои хайрияи ин созмон, ки дар ҷалби аъзо нақши муҳиме доранд, хотима диҳанд. Бо вуҷуди собиқаи 85-сола фаъолияти Ихвонулмуслимин дар Миср мамнӯъ буд ва танҳо баъди сарнагунии Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 ба он иҷозаи фаъолият пайдо кард ва бо таъсиси ҳизби сиёсӣ ба қудрат расид.