Кобул барои оғози бунёди роҳи оҳани муштарак омода аст

Рӯзҳои наздик корҳои фаннии бунёди бахши афғонистонии тарҳи роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон шурӯъ мешавад.
Дар ин бора Аҳмадшоҳи Ваҳид, муовини вазири фавоиди оммаи Афғонистон, ба Радиои Озодӣ хабар дод. Маросими ифтитоҳи бунёди ин роҳи оҳан рӯзи 5 июн дар вилояти Лабиоби Туркманистон бо ширкати раҳбарони се ҷумҳурӣ - Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

Ба гуфтаи Аҳмадшоҳи Ваҳид, “қисмати аъзами роҳи оҳан аз қаламрави Афғонистон мегузарад, ки аз сарҳади Оқина шурӯъ мешавад ва ба сӯи Анхой ва ба ҳамин шакл ба Мазори Шариф меравад ва аз он ҷо ба роҳи оҳан дар марзи Тоҷикистон васл мешавад”. Мансабдори афғон меафзояд, ки бар пояи тавофуқи лафзӣ Бонки рушди Осиё розӣ шудааст, ки барои бунёди бахши афғонистонии тарҳи роҳи оҳани муштарак тақрибан 350 миллион доллар ҷудо кунад. Ба гуфтаи ӯ,” корҳои техникии бунёди роҳ дар қаламрави Тоҷикистон ҳам анҷом шудааст”.

Аҳмадшоҳи Ваҳид хабар дод, ки барои бунёди ин роҳ дар қаламрави Афғонистон ширкатҳои кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла, аз Тоҷикистон, Ӯзбакистон,Эрон, Чин ва ҳамчунин аз Олмону Ҷумҳурии Чех Эрон изҳори

Аҳмадшоҳи Ваҳид

омодагӣ кардаанд. “Албатта қарордод бо ширкате баста мешавад, ки сифати беҳтарини корро пешниҳод мекунад”, меафзояд ӯ.

Мансабдори афғон мегӯяд, дар Туркманистон бунёди роҳи оҳан то марзи Афғонистон шурӯъ шудааст ва Ашқобод эълом дошт, ки қисмати 88-километраи ин роҳ то моҳи июни соли 2015 ба итмом хоҳад расонд. Моҳи гузашта вазорати нақлиёти Тоҷкиистон ҳам мушаххас кард, ки ин роҳи оҳан аз Афғонистон тариқи вилояти Балх ба Тоҷикистон пайваст хоҳад шуд. Зимнан, ин тасмим боиси нигаронии сокинони вилояти Қундуз гардид, ки ба гузаштани хати роҳаи оҳан аз тариқи ин вилоят умедвор буданд. Ҷумъахон Зуҳуров, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон, қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "ҳалли ин масъала дар дасти раҳбарияти Афғонистон аст ва мо интизорем, ки дар ниҳоят масири роҳи оҳан аз тариқи Балх қабул мешавад", зеро афзуд ӯ, ин масир барои Тоҷикистон мусоид, муассир, муфид ва гузашта аз ҳама кӯтоҳтар аст – яъне ҳамагӣ 260 километрро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Ҷумъахон Зуҳуров, масир аз тариқи Қундуз назар ба роҳ аз тариқи вилояти Балх ду баробар тулонитар аст.

Роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон нахустин роҳи оҳане хоҳад шуд, ки Туркманистону Тоҷикистонро бидуни убур аз қаламрави Ӯзбакистон бо Афғонистон мепайвандад. Баъд аз бунёди он Тоҷикистон аз вобастагии комилаш аз ширкати роҳи оҳани Ӯзбакистон раҳо хоҳад шуд.