Иттиҳодияи Аврупо Арманистонро фаромӯш намекунад

Штефан Фюле

Комиссари тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо Штефан Фюле мегӯяд, сарфи назар тасмими вуруди Арманистон ба Иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон ва Беларус, Иттиҳодияи Аврупо Ереванро фаромӯш нахоҳад кард.

Дар як сӯҳбати хос бо Радиои Озодӣ Фюле гуфт, як кишвар наметавонад ҳамзамон дар Иттиҳодияи Аврупо ва Иттиҳоджи гумрукии зери назорати Русия узвият дошта бошад. Аммо рӯзи ҷумъа дар Ереван ӯ гуфт:

Созиши коршарикӣ дигар дар рӯи мизи музокирот нест, зеро тасмими Арманистон тағйир ёфт. Вале биёед бубинем, ки мақсаду мароми онҳо чист, то роҳе барои рушди равобит ва чорчӯби қонунии онро пайдо кунем.”

Қаблан нақша ин буд, ки моҳи ноябр дар мулоқоти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Вилнюс Ереван Созиши тиҷорат ва Ҳамкориҳои шарқиро имзо мекунад.

Вале дар ибтидои моҳи равон президенти Арманистон Серж Саркисян ғайримунтазира эълон кард, ки кишвараш ба Иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон ва Беларус мепайвандад.