Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тарҳи лӯлаи гази Туркманистон аз тариқи Тоҷикистон то Чин барои Тоҷикистон муфид аст, аммо ҷузъиёти он ҳанӯз мушаххас нест.
Аммо ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳадаф аз масири нав на кӯмак ба Тоҷикистон, балки дастрасӣ ба манобеи гази шимоли Афғонистон аст.
Дар хабарҳои расмии имзои созишномаи Чину Тоҷикистон рӯшан нест, ки ин лӯлаи газ аз Туркманистон ба воистаи кадом кишвар – Ӯзбакистон ё Афғонистон вориди Тоҷикистону мешавад ва дар Тоҷикистон чӣ масире хоҳад дошт.
Ин дар ҳолест, ки чанд соли охир коршиносони Чин ва Тоҷикистон ҷанбаҳои фаннӣ, иқтисодӣ ва экологии чандин масири убури лӯларо маврди омӯзиш қарор додаанд.
Яке аз ширкаткунандагони ин пажӯҳишҳо аз тарафи Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр гардад, гуфт соли гузашта чаҳор тарҳи ҷудогонаи ин барнома баррасӣ шудаааст. Бино ба тарҳи аввал ин лӯла бояд қад – қади роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин сохта шавад ва тарҳи дуюм дар ин масир Афғонистонро истисно карда, аммо Ӯзбакистонро бидуни роҳи оҳан фаро мегирад. Тарҳи сеюм Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин, бидуни роҳи оҳан аст. Мақомоти Чин дар ин маврид ҳанӯз интихоби худро накардаанд.
Ёрмуҳаммад Аҳмадов, муовини раиси Раёсати нафту гази вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба Радиои «Озодӣ» гуфт, то ба ҳол шарту шароити сохтмони ин лӯлаи газ мушаххас нашудааст: «Гап дар ин аст, ки таҳаввулоти ахир ҳанӯз номаълуманд ва мо ҳам мунтазири он ҳастем, ки созишнома имзо шуда, ба Тоҷикистон расад, пас пушти кор шавем. Ин ки Чин онро чӣ гуна сохтанӣ аст, аз кадом масир мехоҳад созад, аз худи Чин вобаста аст. Аз ҷониби Тоҷикистон фақат ҳамкорӣ аст»
Муаллифони тарҳ гуфтаанд, ки аз дохили Тоҷикистон дар гузашта ду масир – тариқи Ҷиргатол ва Кӯлоб то марзи Қирғизистон баррасӣ мешуд ва ҳоло ҷониби Чин ба масири Душанбе – Файзобод – Тоҷикобод – Қирғизистон бештар таваҷҷӯҳ дорад, зеро дар ин самт кӯҳҳои, ба истилоҳ, синамол – ҳамвор бештар ҳастанд ва ҳам лӯлаи газ аз лиҳози амниятӣ аз бари дарёҳо мегузарад.
Холмаҳмад Ҳакимов, мутахассиси корхонаи «Нафтугаз ва ангишт» - и Тоҷикистон, мегӯяд: «Дар дурнамо агар ҷониби Тоҷикистон хоҳад, ки аз ин газ истифода шавад, пас бидуни баҳс, ин лӯла бояд аз марказ гузарад ва тариқи Ҷиргатол ба самти Чин кашида шавад. Аммо масири идеалӣ вилояти Хатлон шуда метавонад, чун ҳам ба Туркманистон наздик аст ва ҳам масири ҳамвортар дорад. Агар лӯлаи газ аз Ӯзбакистон гузарад, ба сабабҳои маълум имконияти амалишавии тарҳ ҳам таҳти суол меравад»
Дар ҳамин ҳол, иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки масъалаи гирифтани солона 1 миллиард мукааб газ аз ин лӯлаи газе, ки солона то 30 миллиард мукааб бояд интиқол диҳад, барои Тоҷикистон дуюмдараҷа аст, зеро дар дарозмуддат он танҳо барои гази Туркманистон нахоҳад буд. Ба қавли онҳо, Чин аввал аз Қазоқистон як лӯлаи газ кашид, сипас ба ин лӯла аз худи Туркманистон як хатти дигарро ҳамроҳ кард ва саввум тарҳи бузургаш кашидани лӯлаи газ аз Туркманистон тариқи Ӯзбакистон ба Қазоқистон буд.
Худойбердӣ Холиқназаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар гузашта муовини сафир дар Чин буд, мегӯяд, тариқи ин лӯлагазҳо Чин тамоми манобеъи газии минтақаро ба нафъи худ васл мекунад: «Маҳали чоҳҳои газ дар минтақа мутамарказ нест. Дар ҳама ҷо пароканда ҳастанд. Ҳоло роҳҳое истифода мешаванд, ки ҳам аз лиҳози иқтисодӣ хуб ҳастанд, ҳам ҳамаи манобеъро муттаҳид мекунанд, ҳам арзон ҳастанд ва ҳам ҳамаи кишварҳоро ба ин кор шомил мекунад. Қаламраве, ки лӯла мегузарад, бояд амн бошад ва тасаввур кунед, ки ҳар даҳ километрро назорат мекунанд. Ин аз лиҳози амниятӣ ҳам барои кишварҳо ва қабл аз ҳама барои Чин муҳим аст»
Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, газе, ки бояд тариқи Тоҷикистон истихроҷ шавад, аз кони Ғалқаниш (Пешрафт) – и вилояти Марви ҳаммарз бо Афғонистону Ӯзбакистон ва ҳам наздик бо Тоҷикистон истихроҷ мешавад.
Дар гузашта ширкати «Тетис – Петролиум» - и Бритониё, ки дар Тоҷикистон бо иктишофу коркарди газ машғул аст, эълон дошта буд, ки ин кишвар захираҳои бузурги нафту газро дорад. То ба имрӯз миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати бузурги чинии CNPC (Ширкати миллии нафту гази Чин) ва «Бритиш Петролиум» - и Бритониё созишнома барои ҳамкорӣ дар ин замина ба имзо расидааст.
Моҳи августи соли равон Тоҷикистону Афғонистон музокироти худро сари эҷоди лӯлаи гази «Наврӯз» - Шибирғон – Шаҳритӯс – Сарбанд оғоз карда буданд. Коршиносон баъид намедонанд, ки Чин лӯлаи гази навро бо назардошти манобеъи Афғонистон низ мехоҳад созад. Он гоҳ тамоми манобеи минтақа дар дастраси Чин қарор хоҳанд дошт.