Изҳороти Барак Обама дар бораи дархости иҷозаи Конгресси ИМА барои амалиёти низомӣ дар Сурия вокуниши андаки расмиро ба думбол дошт.
Рӯзи шанбе раисиҷумҳури Амрико изҳор намуд, раҳбарони Конгресс розиянд, ки баъд аз анҷоми таътил ин мавзӯъро баррасӣ кунанд. Аммо Барак Обама дар бораи он ки дар ҳоли раъйи мухолифи Конгресс барои баргузории амалиёт дар Сурия фармон хоҳад дод ё не, чизе нагуфт.
Нахуствазири Сурия Воил ал-Ҳалқӣ изҳор намуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳоли омодабоши комил қарор доранд ва ба ҳама гуна таҳдид посух хоҳанд дод.
Раиси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ гуфт, “ин як хаёл аст, ки дахолати низомии Амрико бо ҳамла ба қаламрави Сурия маҳдуд шавад”.
Муҳаммад Абуд, муовини фармондеҳи нерӯҳои шарқии Артиши озодихоҳи Сурия, аз тасмими Обама барои дахолати низомӣ ба қазияи Сурия истиқбол кард. Ӯ гуфт, "мо ин тасмимро муддати тулонӣ боз интизор будем. Ҳарнчанд ин қарори Амрико вақти зиёдро гирифт, онҳо дар ниҳоят ба як натиҷа расиданд. Мардуми Сурия ва размандагони озодихоҳ хело хурсанданд, ки раисиҷумҳур Обама чунин тасмим гирифт. Вале он чӣ аз суханони ӯ бардошт кардем, ин аст, ки дар Конгресс дар ин бора баҳсҳое сурат мегиранд”.
Нахуствазири Ҷопон Шиндзо Абэ гуфт, ки ҳукуматаш баҳс дар Конгресси
Амрикоро аз наздик мушоҳида хоҳад кард. "Аз нигоҳи ман, эълони раисиҷумҳур Обама баёнгари тасими қавии ӯ ин мушкил аст. Мо ончиро, ки дар Конгресс мегузарад, аз наздик мушоҳида ва ҷиҳати ҷамъоварӣ ва баррасии маълумот ва ба умеди беҳтар шудани авзоъ бо ҷомеъаи байнулмилалӣ ҳамкорӣ хоҳем кард", изҳор намуд нахуствазири Ҷопон.
Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла, аз тасмими Обама интиқод кард ва гуфт, ки раҳбари ИМА ба СММ беэътиноӣ кардааст. Алексей Пушков, раиси кумитаи байнулмилалии Думаи давлатии Русия, дар Твиттери худ навишт, "Обама ба он хотир рӯ ба Конгресс овардааст, ки ҷангро ба навъе тавҷеҳ намояд ва ба он қонуният диҳад”.
Барак Обама рӯзи шанбе изҳор намуд, ки бар асари ҳамлаи кимиёвии нерӯҳои ҳукуматии Сурия дар канори шаҳри Димишқ рӯзи 21 август беш аз 1400 сокини осоишта ба ҳалокат расиданд
Баъд аз изҳороти дирӯзаи Обама Кохи Сафед пешнависи санадеро ба Конгресс ироа кард, ки ба Обама салоҳияти расмии истифода аз нерӯ алайҳи ҳар навъ истифодаи эҳтимолӣ аз силоҳи кимиёвиро медиҳад. Як ҳайати Маҷлиси Эрон рӯзи якшанбе вориди Сурия шуд ва аз бемористоне дидан кард, ки он ҷо афроди бар асари ҳамлаи кимиёвӣ осебдида таҳти назорати табибон қарор доранд. Мақомоти Сурия масъулияти ин ҳамлаи кимиёвиро бар дӯши мухолифини мусаллаҳ гузоштаанд.
Дэвид Камерон, нахуствазири Бритониё ва Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, аз тасмими Барак Обама барои дарёфти иҷозаи Конгресс ба амалиёти низомӣ дар Сурия истиқбол карданд.Аз ин пеш Фаронса барои ҳамроҳ шудан ба ҳама гуна ҳамлаи Амрико ба Сурия изҳори омодагӣ кардааст. Аммо Бритониё баъди раъйдиҳӣ дар парлумон эълом дошт, ки дар амалиёт алайҳи Сурия дар паҳлӯи Амрико буда наметавонад.
Русия ва Чин мухлифаташонро дар баробари мудохилаи низомӣ ба умури Сурия
иброз доштанд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи шанбе иддаои аз сӯи нерӯҳои ҳукуматии Сурия истифода шудани силоҳи кимиёвиро “дасиса” номид. Ба гуфтаи вай, ки дар шаҳри Владивосток бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, ин иддао бепояву бунёд аст, зеро артиш дар набардҳо дар канори Димишқ муваффақ буд ва зарурате барои истифода аз силоҳи кимиёвиро надошт.
Аз сӯи кадом нерӯҳо истифода шудани силоҳи кимиёвиро масъулини СММ мушаххас хоҳанд кард. Нозирони ин ниҳоди байнулмилалӣ тафтиши макони истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар наздикиҳои шаҳри Димишқро анҷом доданд ва рӯзи шанбе Сурияро тарк намуданд. Намунаҳое, ки онҳо аз ҷойи ҳодиса пайдо кардаанд, дар озмоишгоҳҳо санҷида хоҳанд шуд. Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ гуфт, ки ба нозирон барои таҳияи гузориш дар бораи натиҷаҳои тафтиш тақрибан ду ҳафта вақт зарур аст. Аммо ба гуфтаи худи нозирон, ки ахиран вориди Ҳуланд шуданд, арзёбии ҳодиса ва таҳияи гузориш камаш се ҳафтаро дарбар хоҳад гирифт.