Ҷабҳаи Шимол ба интихобот бо номзади воҳид меравад?

Сенздаҳ ҳизби Афғонистон, ки бахши аъзамашон марбут ба Ҷабҳаи Шимол ҳастанд, ба хотири ширкат дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ иттиҳоди интихоботиеро таъсис додаанд.
Эътилофи Миллӣ ба раҳбарии Абдулло Абдулло, Ҷабҳаи Миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Зиё Масъуд, Ҷунбиши Миллӣ ба раҳбарии ҷангсолори узбак Абдулрашид Дустум, Ҷамъияти Исломӣ ба сарпаратии Салоҳуддин Раббонӣ ва чанд гурӯҳи мухолифи давлат аъзои ин иттиҳоданд. Талош ҷиҳати эҷоди ислоҳоти бунёдӣ дар сохтори низом, дарёфти роҳҳио ҳалли бӯҳрони феълӣ аз аҳдофи аслии иттиҳоди интихоботии Афғонистон хонда шудааст.

Фазлраҳмон Ориё, сухангӯи Эътилофи Миллӣ дар пайи эъломи таъсис бахше аз мувофиқатномаеро хонд, ки аъзои иттиҳод имзо кардаанд: “Иттиҳоди интихоботии Афғонистон барномаи миллии шӯрои ҳамкориро бо шохисаҳои ислоҳоти бунёдӣ дар арсаи сохтори сиёсии низом, мушорикати одилонаи ақвом, тавсиаи мутавозин ва тақсими одилонаи қудрат ва ҳаракат барои сулҳу суботи пойдорро мавриди таъйид қарор медиҳад.”

Дар нишасте, ки барои эъломи мавҷудияти ин ниҳод дар Кобул баргузор шуд, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон, Аҳмад Зиё Масъуд, бародари Аҳмадшоҳ Масъуд, генерал Абдулрашид Дӯстум ва Ато Муҳаммад Нур, волии қудратманд ва бонуфузи вилояти Балх ва Салоҳуддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ҳузур доштанд. Аммо Залмай Халилзод, сафири пешини Амрико дар Афғонистон, Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ, Қаюм Карзай, бародари раиси ҷумҳури Афғонистон, ки дар маҳфилҳои қаблӣ барои эҷоди иттиҳоди интихоботӣ ширкат доштанд, дар нишасти рӯзи панҷшанбе ҳузур надоштанд.

Ато Муҳаммад Нур, волии Балх дар ҳошияи нишаст ба хабарнигорон гуфт, дари иттиҳоди интихоботӣ ба рӯи ҳамаи аҳзобу гурӯҳҳои қавмиву сиёсиву созмонҳои мадании Афғонистон боз аст ва онҳо талош меварзанд, то як ҳафтаи дигар номзади воҳидеро барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли оянда муаррифӣ кунанд: “Чун мо як иттиҳоди бузургу муҳимеро матраҳ кардем, ҷузву узви он эътилоф шудем, намехоҳем сари номзади хос ҳарф бизанем. Албатта дар рӯзҳои баъд, ё ҳафтаи баъд шумо шоҳиди як эълон ё як иттифоқ хоҳед шуд.“

Аммо Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ, вазири собиқи умури дохилии Афғонистон ва яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раёсати ҷумҳур, рӯзи ҷумъа бо баргузории нишасте наҳваи ташкили иттиҳоди интихоботиро нигаронкунанда хонд. Ӯ гуфт, бояд асоси иттиҳоди интихоботӣ васеътар карда шавад, зеро мумкин аст, ин иттиҳод дар назди мардум марбут ба як самт ва ё қавм шинохта шавад: “Мо ба дӯстони худ машварат додем ва гуфтем, ки эҷоди иттиҳодҳо хуб аст. Айни ҳол нигаронии мо ин аст, ки эҷоди ин иттиҳодҳо ба мардум ин гуна зеҳният надиҳад, ки қавме аст ва дар натиҷа дар байни мардуми Афғонистон як навъ таъсири манфӣ нагузорад”.

Дигар номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон, Қаюм Карзай ва Умар Довудзай, сафир дар Покистон аст. Қарор аст, интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон моҳи апрели соли оянда баргузор шавад. Кишварҳои ғарбӣ, ки як даҳсола боз барои истиқрори субот дар Афғонистон кӯмак мекунанд, интихоботро як имтиҳони ҷиддие барои ояндаи он кишвар медонанд.

Қарор аст, то соли 2014 аксари сарбозони хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд, вале ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бо тарки онҳо мумкин аст, ихтилофоти қавмӣ дар Афғонистон шиддат бигирад. Мулло Умар, раҳбари Толибон моҳи гузашта интихоботи Афғонистонро “талаф кардан”-и вақт хондааст ва ҷангҷӯёни Толиб ваъда додаанд, ки ҳамлаву бомбгузориҳоро қабл аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ бештар хоҳанд кард.