Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чандин таъсисоту ҷангафзорҳои ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрии низомӣ дорад, ки мумкин аст, дар амалиёти эҳтимолӣ алайҳи Сурия ба кор оянд.
Амрико ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро ба истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ дар ҷанг ба зидди шӯришиён муттаҳам мекунад ва гуфтааст, ки ҳар касе ин корро кардааст, “бояд сазои амалашро бубинад”. Бино ба гузоришҳо, рӯзи 21 август, нерӯҳои давлатии Сурия дар чанд маҳаллаи таҳти контроли шӯришиён дар канори шаҳри Димишқ гази кушанда ба кор бурда ва садҳо нафарро куштаанд.
Ҷон Пайк, аз Маркази Иттилоотии Амнияти Ҷаҳонӣ, ки дар Вирҷинияи Амрико қароргоҳ дорад, мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида аз ҷумла дар Баҳри Миёназамин чаҳор киштии ҷангии муҷҷаҳаз бо мушакҳо дорад, ки дутои он дар шарқи баҳри мазкур ва дар наздикии соҳилҳои Сурия қарор доранд. Ба гуфтаи Ҷон Пайк, ҳар яке аз ин новҳои ҷангӣ қодир ба ҳамли 100 мушаки Томаҳавк ҳастанд ва ғолибан даҳҳо адад аз ин мушакҳоро ҳам дар худ доранд.
Ширкати аслиҳасозии амрикоии “Райтеон” мегӯяд, мушаки Томаҳавк, метавонад “соатҳо чарх бизанад, вобаста ба амр самти ҳаракатро тағйир диҳад ва акси ҳадафи худро аз ҳазорон фарсах ба контролкунандагонаш бифиристад.” Ба ғайр аз ин новҳои ҷангӣ, Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна ду киштии ҳавопаймобари бузург дорад, ки яке бо номи Ҳарри Труман дар Баҳри Сурх ва дуввумӣ бо номи Нимитз дар Баҳри Араб шино мекунанд. Амрико дар сурати амалиёт дар Сурия метавонад, аз пойгоҳҳои низомиаш, ки бо муттафиқонаш дар Аврупо ва Халиҷи Форс ҳамроҳ истифода мекунанд, ба он кишвар ҳавопаймоҳои изофӣ бифристад. Туркия ҳамсояи Сурия ҳам мизбони ду пойгоҳи Амрико аст, ки яке дар наздикии шаҳри Инҷирлик ва дуввумӣ дар шаҳри Измир ҷойгир шудаанд ва миёни онҳову Сурия масофаи бузург нест.
Ҳавопаймоҳои дигари Амрико дар кишварҳои ғарби Аврупоро ҳам метавонанд дар сурати лозим шудан наздиктар ба минтақа ба Итолиё ва Булғористон бифристанд. Ирсоли ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ба Сурия аз пойгоҳҳояш дар Халиҷи Форс, аз ҷумла Кувайт, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Уммон мушкилтар мешавад, зеро бо вуҷуди мухолифати онҳо ба ҳукумати Башор Асад ба ҳукумати Амрико лозим меояд, барои парвоз аз қаламрави ҳавоии як то се кишвари минтақа иҷоза бигирад. Сухангӯи Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи душанбе ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, “Ироқ иҷоза намедиҳад, ки барои ҳамла ба ҳеҷ яке аз ҳамсояҳояш, аз қаламрави ҳавоии он истифода кунанд.”
Кишварҳои дигари арабӣ Мисру Урдун то кунун нагуфтаанд, ки дар сурати ҳамла ба Сурия иҷозаи парвоз аз қаламравҳояшонро медиҳанд, ё на. Сафоратҳои ҳарду кишвар дар Вашингтон ба дархости Садои Амрико барои шарҳи ин масъала посухе надоданд, вале маълум аст, ки ҳукуматҳои ҳарду кишвар тарафдори шӯришиёни мухолифи Башор Асад ҳастанд.
Ба гуфтаи Ҷон Пайк, дар сурати парвоз аз масофаи дароз аз Халиҷи Форс то Сурия, ба ҳавопаймоҳо лозим мешавад, дар ҳаво сӯхт бигиранд, аз ин рӯ барои Амрико осонтар аст, ҳавопаймоҳояш дар Туркияро ба кор барад ва ё ду киштии ҳавопаймобарашро аз қаламравҳои обии наздик ба Баҳри Миёназамин бифристад. Амрико дар сурати амалиёт дар Сурия ҳамчунин аз таъсисоти низомиаш дар Урдун метавонад истифода кунад. Аввали ҳамин сол сарбозону баъзе аз фармондеҳони Ситоди Марказии Нерӯҳои Мусаллаҳ ва нерӯҳои Дивизияи Якуми Пиёданизоми Артиши Амрикоро ба Урдун фиристоданд, то дар сурати ҳаргуна ҳамла аз Сурия ва ё паҳн шудани аслиҳаи кимиёвӣ ба он кишвар ёрӣ диҳанд. Бар изофаи ин нерӯҳо, артиши Амрико моҳи июн барои тамринҳои муштарак системаи зидди мушакии Патриот ва ҳавопаймоҳои ҷангии F-16-ро ба Урдун интиқол дод ва баъди анҷоми размоишҳо дар онҷо нигаҳ дошт.
Ба қавли Ҷон Пайк, дар сурати амалиёт дар Сурия ва истифода аз ин имконоти ҷангӣ, Амрико як ва ё ду ҳадафи аслӣ хоҳад дошт, аввал ин ки монеи истифодаи дигарбораи аслиҳаи кимиёвӣ шавад ва ё онҳоро комилан аз дасти размандагон дар Сурия бигирад. Ӯ мегӯяд: “Барои монеъ шудан ба истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ, Амрико бояд ба ҳадде ба режими Башор Асад, зарба бизанад, ки дигарбора он аслиҳаро ба кор набарад.”
Ба қавли ӯ, чунин ба назар мерасад, ки ҳукумати Барак Обама, назар ба истифодаи ҳавопаймоҳо ба ҳамлаҳои мушакӣ ва хурдмиқёс бартарӣ медиҳад. Мумкин аст, аз ин василаҳо барои ҳамла ба биноҳои ҳукуматӣ ва қароргоҳҳои нерӯҳои амниятӣ ва ё ҳатто нерӯҳои ҳавоии Сурия истифода кунанд. Аммо мегӯяд, Ҷон Пайк тавзеҳи ин гунаҳо ҳамлаҳо ба Сурия барои Амрико сахт хоҳад буд, чун мардум “Бешак хоҳанд гуфт, чаро шумо онҷоро маҳв кардед? Агар кохҳои Асадро ҳадаф бигиранд, мардум хоҳанд гуфт, ки ин мисли сӯиқасд аст. Агар биноҳои нерӯҳои амниятӣ ва ё нерӯҳои ҳавоиро ҳадаф гиранд, мардум хоҳанд гуфт, ки инҳо чӣ иртиботе ба истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ доранд?”
Гузинаи дигар ба гуфтаи Ҷон Пайк ин аст, ки Амрико шояд саъй кунад, анборҳои аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурияро нобуд кунад ва ё онҳоро муҳофизат кунад, то дигар дар муноқиша ба кор бурда нашаванд. Вале мегӯяд, ӯ ин гузина ҳам хатарҳои бузург доранд, чунки маҳви анборҳои аслиҳаи кимиёвӣ бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ё мушакӣ, хатари паҳн шудани гази кушанда дар миёни аҳолиро дорад. Ба қавли Ҷон Пайк, ҳукумати Амрико чандон ба ин гузина майл надорад, вале агар бихоҳад, анборҳои аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурияро эмин нигаҳ дорад, бояд ҳазорон сарбози амрикоиро ба онҷо бифристад, ки ин ҳам беталафот дар байни амрикоиён намешавад.